Ронандагон чӣ қадаре, ки садои мошинҳояшонро зиёд бароранд, ҳамон қадар зиёд мунтазир мешаванд.

Намояндаҳои полис ба чунин хулоса омаданд, ки ин амалашон барои камшавии асабоният дар тамба (пробока) роҳи ҳал ба ҳисоб меравад.

Полисони Мумбай таҷрибаи ин амалро гузаронида истодаанд, то ин ки ронандагон хислати бади зер карда истодани пугмаи овози мошинашонро бас кунанд.

«Одамон ҳатто ҳангоми сурх будани чароғак низ садои мошинҳояшонро мебароранд. Мумкин онҳо фикр мекунанд, ки бо чунин роҳ ранги сабз тезтар фурӯзон мешавад?» ― мегӯяд полис, дар наворе, ки аз ин таҷрибаи гузаронидашуда нақл мекунад.

Дар якчанд чароғҳои роҳи шаҳри Мумбай дастгоҳҳои махсус насб шудаанд, ки ҳаҷми овозро чен мекунанд. Вақте ки он аз 85 детсибел боло меравад, чароғаки сурх фурӯзон мешавад. Дар натиҷа, ҳар қадаре, ки ронанда баланд садо медиҳад, ҳамон қадар ранги сабзи чароғакро интизор мешавад.

Комиссари полиси роҳ дар Мумбай, Мадукар Пандей умедвор аст, ки ин система сатҳи асабонияти дар роҳҳои тамбаро кам карда, интизоми ронандагонро беҳтар мегардонад.

Озмоишҳои ин система, ки «Чароғаки дуогӯ» номгузорӣ шудааст, моҳҳои ноябр-декабри соли 2019 гузаронида шуда буд. Ҳоло полис тасмим гирифтааст, ки ин системаро дар тамоми шаҳр пайваст кунад.

Дар соли 2019, Мумбай дар рейтинги тамбашавӣ дар роҳҳо, дар ҷои чаҳорум — пас аз Бангалор, Манила ва Богота ҷой гирифта буд. Тибқи рейтинг, ронандагони Мумбай дар як сол 8 рӯзу 17 соати худро аз даст медиҳанд.

Пас аз таҷрибаи муваффақонаи Мумбай, полиси Бангалор низ тасмим гирифт, ки чунин чароғакҳоро дар чорроҳаҳои калони шаҳр насб кунад.

Шумо дар бораи ин гуна «Чароғаки дуогӯ» чӣ фикр доред?

Сарчашма: https://esquire.ru/articles/154653-v-mumbai-ustanovili-karayushchiy-svetofor-dlya-borby-s-shumnymi-voditelyami-chem-bolshe-vy-signalite-tem-dolshe-zhdete/