Биллӣ Айлиш рассоми хурди ҳунармандро кашф намуд

Муаллифи яке аз муқоваҳои шумораи моҳи марти маҷаллаи амрикоии Vogue як духтари навраси рус гардид. Дар ин бора нашрия рӯзи душанбе, 3 феврали соли 2020 иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки маҷалла барои омода намудани сурати сароянда Биллӣ Айлиш ба Анастасия Ковтуни 16 сола аз шаҳри Чайковскии Перм ва Кейлӣ Янги 20 сола аз штати Мичиган муроҷиат намуд. Маълум мегардад, ки сароянда худаш аз миёни мухлисонаш ин духтаракони рассомро интихоб намудааст.

Ковтун дар мусоҳиба ба Vogue гуфт, ки расми ҳунармандро аксар вақт «барои худ» тасвир мекард. Аммо, ба гуфтаи ӯ, тасвири вай на ҳамеша ба Биллӣ монанд мешуд. Ҳамзамон, рассом иброз намуд, маҳз Биллӣ Айлиш илҳомбахши расмкашии вай будааст.

Сарчашма: news.mail.ru