Дуа Липа тарона ва клипи «Physical»-ро пешкаш намуд

Нахустнамоиши тарона ва клипи Дуа Липа «Physical» 31 январи соли 2020 ба мухлисону ҳаводоронаш пешниҳод гардид.

Дар ролике, ки коргардон Лопе Серрано сабт намудааст, наворбардории сароянда, гурӯҳи рақсӣ ва аниматсия дида мешавад. Дуа дар оғози навор дили ҷавонеро аз қафаси синааш мегирад, дигарон рақсро идома медиҳанд ва диле ки дар дасти ӯст, ба як паранда табдил меёбад ва парвоз мекунад.

«Physical» — суруди сеюми албоми нави Липа мебошад, ки он «Future Nostalgia» номгузорӣ шудаасту 3 апрели соли ҷорӣ ба мухлисонаш пешниҳод мегардад. Дар маҷмӯъ плантинкаи нави сарояндаи бритонӣ 11 сурудро дарбар хоҳад гирифт.

Номгӯи сурудҳо аз албоми «Future Nostalgia»

  1. Future Nostalgia
  2. Don’t Start Now
  3. Cool
  4. Physical
  5. Levitating
  6. Pretty Please
  7. Hallucinate
  8. Love Again
  9. Break My Heart
  10. Good In Bed
  11. Boys Will Be Boys

Сарчашма: intermedia.ru