Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи Конор Макгрегор чӣ гуфт?

Ҳабиб Нурмагомедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук баргузории набарди нав бо размикори ирландӣ Конор Макгрегорро мавриди арзёбӣ қарор дод.

«Мне неинтересен реванш с Макгрегором. Если предложат 100 миллионов долларов? Есть многие виды спорта, куда можно вложить такие деньги. А мне зачем 100 миллионов за то, чтобы я этого придурка еще раз побил?» — передает слова Нурмагомедова корреспондент Sport24 Ярослав Степанов.

“Муҳорибаи такрорӣ бо Макгрегор бароям чандон муҳим нест. Агар 100 миллион доллар пешниҳод кунанд? Намудҳои гуногуни варзиш мавҷуд аст, ки метавон дар он сармоягузорӣ кард. Аммо 100 миллион барои он ки ин аблаҳро бори дигар зери мушту лагад қарор диҳам?” – гуфтааст Ҳабиб Нурмагомедов ба хабарнигори сомонаи Sport24.

Аз ин пеш менеҷери Ҳабиб Алӣ Абдулазиз иброз дошт, ки шайхҳои араб омода ҳастанд, ба варзишкори русиягӣ 100 миллион доллар пардохт намоянд, то ин ки ӯ бо Конор Макгрегор биҷандад.

Қарор аст, Ҳабиб Нурмагомедов рӯзи 18 апрели соли равон дар мусобиқаи UFC 249 дар шаҳри Ню-Йорк бо Тонӣ Фергюсон вохӯрад.

Сарчашма: sport24.ru