Корти зарди Неймару қасди довари майдон

Ба ҳамлавари бошгоҳи “ПСЖ” — Неймар барои таҳқири довар дар бозии даври 22-юми чемпионати Фаронса бо дастаи Монпелйе ҳаққи маҳрумият аз ширкат дар мусобиқаҳо интизор аст.

Довари майдон ба бозигари 27-солаи бразилиягӣ пас аз як қатор танқидҳо ба рақиб корти зардро нишон дод. Жером Бризар амалҳои ӯро таҳқиромез унвон кард. Неймар ба ҷӯшу хурӯш омад ва ҳангоми танаффус ба ҳамдастаи худ Марко Верраттӣ муроҷиат кард: «Ман футболбозӣ мекунам, ӯ бошад ба ман корти зард нишон медиҳад! Ба ӯ бигӯ, ки ӯ ин хел набояд чунин рафтор кунад”.

Бризар суханони ҳамлаварро шунида аз ӯ хоҳиш намуд, ки ором шавад. Аммо Неймар фарёдзанон ба гуфт: «Ором шавам? Ин чӣ аблаҳест!» Нашрияи AS иттилоъ медиҳад, ки барои ин сухан мумкин аст футболбозро аз ҳаққи бозӣ кардан маҳрум созанд.

Хотиррасон мешавем, ки бошгоҳи “ПСЖ” дастаи “Монпелйе”-ро бо ҳисоби 5-0 мағлуб кард. Голҳоро Сарабия, Дӣ Мария, Конгре (худгол), Мбаппе ва Курзава ба самар расониданд.

Cарчашма: eurosport.ru