Меган Трейнор таронаи нав нашр кард

Овозхони амрикоӣ Меган Трейнор клипи таронаи «Nice to Meet Ya»-ро пешкаши ҳаводорон гардонид.

Дар ролики омода намудаи коргардон Мэтю Каллен сароянда нақши корманди офисро мебозад. Ӯ дар лифт ҳамроҳи духтароне, ки либоси равшанро ба бар кардаанд, мерақсад. Дар назди мизи мардҳо низ рақс мекунад. Анҷоми клип хеле ҷолиб аст, зеро дар хотимаи навор репсаро Никӣ Минаж, ки дар нақши раисаи ҷанҷолӣ бозидааст, пайдо мешавад.

Суруди «Nice to Meet Ya» ба албоми нави Трейнор «Treat Myself» ворид гардидааст.

Сарчашма: intermedia.ru