Мухлиси дар Супербоул хоб монда дар шабакаҳо машҳур шуд

Дар рафти бозии ҷоизавии Супербоул, ки қисми ҷамъбастии чемпионати Лигаи футболи миллӣ миёни дастаҳои «Канзас-Ситӣ Чифс» ва «Сан-Франсиско Форти Найнерс», яке аз мухлисону ҳаводорони он майдон дар хоб монд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар шабакаҳо ҳамчун мем паҳн гардид. Видеои он дар твиттери Карис Максвелл (Karisa Maxwell) нашр гардид.

Марди хобидаро дар чоряки аввали Супербоул ба навор гирифтаанд. Мувофиқи маълумотҳои нашрияи The Sun, ҷое ки ин мухлис нишаста буд, тақрибан 10 ҳазор доллар арзиш дошт.

«Мумкин ӯ вақти худро дур аз додгӯйиҳои кӯдаконаш гузаронидан хостааст», «Ана ин истеъдоди ғайриодии хобнамоии ӯ мебошад», «Бо чунин нарх ман ҷои беҳтарро барои хоб дарёфт намуда метавонистам»,— навиштаанд истифодабарандагони шабакаҳо.

Ғолиби ҷоизаи Супербоул дастаи «Канзас-Ситӣ» гардид. Мусобиқа бо ҳисоби 31:20 хотима ёфт. Ин аввалин ғолибияти даста дар 50 соли мавҷудияташ мебошад.

Истифодабарандагони шабакаҳо ба ҳоли ин ин мард ҳам хандидаанд ва ҳам дар ҳайрат мондаанд.

Сарчашма: sportmail.ru