Пенелопа Крус ва Антонио Бандерас дар филми нав

Пенелопа Крус ва Антонио Бандерас пештар дар филми «Боль и слава»-и коргардон Педро Алмодовар муштарак кору фаъолият намуда буданд. Филми навбатӣ бошад, аллакай дуюмин лоиҳаи онҳо ба ҳисоб меравад. Дар навори «Competencia Oficial» собиқадори синамо Оскар Мартинеси аргентинӣ низ нақшофарӣ мекунад.

Тасвирро коргардонҳои аргентинӣ Мариано Кон ва Гастон Дюпр аз рӯи филмномаи худ таҳия хоҳанд кард. Дар филм Бандерас ва Мартинес нақши ҳунармандонеро меофаранд, ки усули кориашон тамоман ба ҳам мутобиқ нест. Ин ҳангоми омодагӣ барои наворбардорӣ маълум мешавад. Дар сужа барои наворбардории саҳнаи филм миллионери моҷароҷӯ сармоягузорӣ мекунад.

Сарчашма: intermedia.ru