Аввал Блог

ИДОМАИ ФИЛМИ «ПОЕЗД В ПУСАН» СИКВЕЛ НАМЕШАВАД

Идомаи филми тахайюлии Куриёи Ҷанубӣ «Поезд в Пусан», ки «Полуостров» ном дорад, сиквели бевоситаи навори соли 2016 нахоҳад буд. Дар ин бора, коргардон Ен Сан-хо дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони Screen Daily иброз намуд.

Филми «Полуостров» сиквел ҳисобидан нодуруст аст, зеро ин саргузашт оянда надорад. Танҳо ҳодиса ҳамон олами синаморо дар бар мегирад», — шарҳ дод ӯ. “Мувофиқи консепсияи расмӣ, ин ҳодисаҳо пас аз чор соли сар задани бемории номаълуме рух медиҳанд, ки одамонро ба зомбӣ ва нафароне, ки дар дохили қаторае, ки ба Пусан раҳсипор буд, нишаста буданд, ба қурбониён табдил медиҳанд,” — гуфт коргардони лоиҳа.

Ҳангоми навиштани ин маълумотҳо, марҳилаи асосии наворбардорӣ аллакай ба анҷом расидааст. Пештар хабар дода шуда буд, ки идомаи он 12 августи соли 2020 бароварда мешавад.

Навори асосӣ на танҳо дар ватани филм, балки дар тамоми олам маъруфиятро ба даст овард. Аз намоиши ҷаҳонӣ филми мазкур зиёда аз 87 миллион долларро ба хазинаи худ ворид намуд. Соли 2018маълум гардид, ки дар Голливуд римейки амрикоӣ омода шуда истодааст. Он аз ҷониби коргардон Гари Доберман таҳия хоҳад шуд.

ИДОМАИ ФИЛМИ «ПОЕЗД В ПУСАН» СИКВЕЛ НАМЕШАВАД e6ae1f8372ca81849df436ad29949980ИДОМАИ ФИЛМИ «ПОЕЗД В ПУСАН» СИКВЕЛ НАМЕШАВАД 49444822

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_92157/

 

BTS АЛБОМИ ҲАФТУМАШРО БАРОВАРД

Албоми нави гурӯҳи BTS бо номи «Map Of The Soul: 7» 21 феврали соли 2020 ба мухлисону ҳаводорони мусиқӣ пешниҳод гардид. Ин як қисми кори студиявии онҳо ба ҳисоб меравад, ки дар Корея бароварда шудааст (се албоми дигари худро онҳо дар Ҷопон баровардаанд).  Ин албом аз 20 суруд ташкил ёфтааст, аз ҷумла суруди муштараки онҳо бо Сией «ON» ва боз эҷодиёте, ки бо Холзи «Boy With Luv» сабт шудааст, ворид карда шуд. Инчунин сурудҳои муштараке, ки бо Эд Ширан («Make It Right») ва Трой Сиван («Louder Than Bombs») офарида шудааст, дар албоми мазкур ҷойгузорӣ шудааст.

BTS АЛБОМИ ҲАФТУМАШРО БАРОВАРД img main1128

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/344745

ПРИЯНКА ЧОПРА ДАР ОБРАЗИ ҶИНОЯТКОР

Приянка Чопра дар филми нави «Шила», ки коргардони он Барри Левинсона («Человек дождя», «Спящие») ва Amazon Studios мебошад, нақши асосиро мебозад. Мувофиқи иттилои нашрияи Deadline, тасвир саргузашти Ма Ананд Шиларо, ки пайрави мазҳаби Ошо ва ҷинояткори машҳур ба ҳисоб меравад, нақл хоҳад кард.

Шила дар Ҳиндустон соли 1949 таваллуд шудааст, аммо вақте ки ӯ 18-сола шуд, оилааш ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯчиданд. Ҳамчун котиби шахсии гуруҳи мазҳабии ҳиндии Бхагман Шри Раҷнишӣ (бо номи Ошо маъруф аст), ӯ солҳои 1981-1985 новобаста ба муқовимати шадид аз ҷониби аҳолӣ, дар шаҳри хурди Васкои штати Орегон гурӯҳи пайравонашро ташкил кард. Зан аз ҳеҷ чиз канорагирӣ накард. Вай нақшаи интихоботи маҳаллӣ тартиб дода, нафаронеро, ки бехона буданд, дастригӣ намуд ва бо ин амалаш овозҳоро ба худ ҷамъ наменамуд.

Ба наздикӣ студияи Netflix филми ҳуҷҷатиро дар бораи Шила омода карда буд, ки он ба ҷоизаи «Эмма» сазовор гардид.

ПРИЯНКА ЧОПРА ДАР ОБРАЗИ ҶИНОЯТКОР image 2020 02 25 09 51 53

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/344757

 

NETFLIX ЛОИҲАИ МУВАФФАҚИ ХУДРО ИДОМА МЕДИҲАД

Ҷараёни хизматрасонии Netflix ба наворбардории силсилафилми машҳуртарини худ «Ведьмак» шурӯъ кард. Тибқи маълумоти ширкат, ки он ба нашрияи Comic Book равона шудааст, фасли дуюми ин лоиҳа соли 2021 дар ҷараёни хизматрасонии студияи Netflix дастраси тамошобинон мегардад. Санаи дақиқ баъдтар эълон хоҳад шуд.

Тафсилот дар бораи сужаи филм, сарфи назар аз овозаҳои зиёд, ҳоло номаълум аст.  Ҳангоми навиштани ин маълумот маълум шуд, ки фасли дуюм ба мисли аввал, аз ҳашт қисм иборат меёбад ва ҳамааш дар як вақт ба мухлисон пешниҳод мешавад.

Шоураннери (ровии шоу) «Ведьмак» Лорен Шмидт, дар бораи сужаи филм танҳо ҳаминро гуфт: “Ваъда медиҳам, ки дар фасли дуюм, махлуқотҳои китобӣ хеле зиёд карда мешавад”. Ӯ инчунин иброз дошт, ки хатогиҳое, ки дар қисмҳои пештара аз ҷониби тамошобинон баён шуда буд, ин даъфа ҳангоми омода намудани филм ба назар гирифта, ислоҳ мешаванд.

Ба ҳайати эҷодкорони фасли дуюм ҳунармандон Кристофер Хивҷу, Ясен Атор, Пол Булйон, Туе Эрстед Расмуссен, Аиша Фабйен Росс ва дигарон иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_92130/

 

ҚИСМИ НАВБАТИИ ФИЛМИ «ЗВЕЗДНЫЕ ВОЙНЫ»

Лоиҳаи наве, ки ба олами синамои «Звездные войны» вобастагӣ дорад, ба кор шурӯъ намуд. Мувофиқи иттилои нашрияи The Hollywood Reporter, филмноманавис ва коргардони лоиҳаи мазкур Ҷастин Диллард, ки аз филмҳои «Ловкость» ба ҳамагон шинохта аст ва Мэтт Оуэнс, ки дар навиштани филмнома барои силсилафилми «Люк Кейҷ» ва «Агенты Щ.И.Т.» иштирок намудааст, барои коркард ва таҳияи филми мазкур ӯҳдадор шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки лоиҳа барои намоиш дар театрҳо омода шуда истодааст ва ё барои ҷараёни хизматрасонии Дисней +. Тафсилот оиди сужаи филм, персонажҳо, ҳаракатҳои саҳнавӣ ҳоло маълумоте дода нашудааст.

Аз моҳи декабри соли 2019, ки филми Звездные войны 9: Скайуокер. Восход»ба намоиши ҷаҳонӣ гузошта шудааст, то инҷониб беш аз як миллиард доллар фоида ба даст овард. Дар мавриди силсилафилми нави «Мандалорец», ки онро Ҷон Фавро таҳия кардааст, нашри ӯ ба ҷараёни хидматии Дисней+ кӯмак кард, ки шумораи муштариёнро ба 26,6 миллион нафар афзоиш диҳад. Фасли дуюми моҳи октябри соли равон ба дӯстдорони синамо пешниҳод карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2019, Walt Disney ҷадвали намоиши се қисми филми «Звездные войны»-ро, ки ҳоло номҳояшон гуфта нашудааст, нашр намуда буд.  Ин се қисм бо навбат аз санаи 16 декабри соли 2022, дигаре 20 декабри соли 2024 ва 18 декабри соли 2026 муаррифӣ хоҳанд шуд.

ҚИСМИ НАВБАТИИ ФИЛМИ «ЗВЕЗДНЫЕ ВОЙНЫ» 750x485

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_92141/

СУРУДИ НАВИ СЕЛЕНА ГОМЕС

Селена Гомес суруди нави худро, ки «Feel Me» номгузорӣ шудааст, санаи 21 феврали соли 2020 пешниҳоди мухлисону ҳаводоронаш намуд. Ин кори аввали ӯ пас аз албоми «Rare», ки як моҳ пештар бароварда шудааст, ба ҳисоб меравад.

  —Дар сафари ҳунарии «Revival», ман сурудеро, ки шумо ҳам муҳокима мекардед ва то ҳол дар интизораш будед, ба итмом расонидам. Ҳамин тавр шумо хоҳиш кардед, ман бошам, онро амалӣ намудам! Мухлисонам аллакай метавонанд суруди «Feel Me»-ро тариқи интернет шунаванд, – навиштааст дар инстаграми худ Селена ва эмодзии бӯсаро ба он ҳамроҳ намудааст.

СУРУДИ НАВИ СЕЛЕНА ГОМЕС selena1610 zahod

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/344729

НАҚШОФАРИИ ЮЭН МАКГРЕГОР СИЛСИЛАФИЛМИ «ХАЛСТОН» АЗ СТУДИЯИ NETFLIX

Офарандаи «Американская история ужасов» Райан Мерфи, аввалин наворҳои силсилафилми «Халстон»-ро ба дӯстдорони синамо пешниҳод намуд. Филм дар бораи моделйери амрикоӣ Рое Халстон нақл мекунад. Ӯ солҳои 1970-ум дар соҳаи фаъолияташ хеле муваффақ мешавад. Мерфи дар саҳифаи худ дар Instagram тизери лоиҳаро нашр кард.

Мерфи дар Instagram-и худ тизори лоиҳаро ҷойгир кард.

Нақши асосиро дар шоу Юэн МакГрегор («Доктор сон», «Звездные войны») мебозад. Ба ҳайати гурӯҳи ҳунармандон инчунин Ребекка Даван бо нақши Элза Перетти, Криста Родригез бо нақши Лайза Миннелли ва Рори Калкин бо нақши Ҷоэла Шумахер иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунад.

Даниэл Минахан, ки бо лоиҳаи Дедвуд кор карда буд, ӯҳдадории коргардониро дар ин филм ба ӯҳда гирифт.

«Пас аз 20-соли дигаргуниҳои тӯлонӣ, имрӯз истеҳсоли силсилафилми «Халстон» бо ситораи шинохта Юэн МакГрегор ба кор шурӯъ намуд», — навиштааст Мерфи.

Нахустнамоиши филми «Халстон» соли 2021 дар ҷараёни хизматрасонии Netflix дастраси ҳаводорон мешавад.

НАҚШОФАРИИ ЮЭН МАКГРЕГОР СИЛСИЛАФИЛМИ «ХАЛСТОН» АЗ СТУДИЯИ NETFLIX photo 2020 02 24 10 40 03

Сарчашма: https://112.ua/kultura/yuen-makgregor-v-roli-dizaynera-poyavilsya-v-tizere-seriala-halston-ot-netflix-526324.html

 

ТРЕЙЛЕРИ ПУРРАИ ФАСЛИ СЕЮМИ СИЛСИЛАФИЛМИ «ЗАПАДНЫЙ МИР»

Нахустнамоиши фасли нави силсилафилми мазкур, санаи 15 марти соли ҷорӣ ба мухлисону ҳаводорон пешниҳод мешавад.

Шабакаи телевизионии HBO трейлери нави фасли сеюми силсилафилми «Западный мир»-ро ба тамошобинон пешниҳод намуд.

Трейлери ин филм дар шабакаи Youtube, дар саҳифаи расмии ширкат гузошта шуд. Хабар дода мешавад, ки нахустнамоиши фасли сеюм 15 март таъин шудааст. Дар фасли нав, Венсан Кассел иштирок мекунад. Аз ҳунармандони қаблӣ — Эд Харрис, Тесса Томпсон ва Ҷеффри Райт ва ҳамчунин Ҷон Галлахер, Лина Уэйт, Кид Кади, Маршон Линч, Майкл Или ва Томми Флэнаган ҳамроҳ мешавад.

Мувофиқи иттилои нашрияи УНИАН, ҷараёни хизматрасонии амрикоӣ трейлери якуми фасли чоруми «Странных дел» (Stranger Things) низ дастраси мухлисонаш намуд. Видео дар шабакаи расмии Netflix 14 феврали соли 2020 нашр шуд.

Сарчашма: https://www.unian.net/lite/kino/10883966-vyshel-polnocennyy-treyler-tretego-sezona-seriala-zapadnyy-mir-video.html

ҲУНАРНАМОИИ ҶЕННИФЕР ЛОУРЕНС ДАР МАЗҲАКАИ НАВИ «НЕ СМОТРИ ВВЕРХ»

Ба ҳайси коргардони филми мазкур Адам МакКей, ки аз рӯи лоиҳаҳои «Власть», «Игра на понижение» кор карда буд, ӯҳдадор шудааст. Аллакай қаҳрамони асосии занонаи филми «Не смотри вверх» муайян карда шудааст.

Тибқи иттилои Variety, дар мазҳакаи Ҷеннифер Лоуренс, ки тамошобинон ӯро аз филмҳои «Голодные игры» ва «Красный воробей» хуб мешиносанд, ҳунарнамоӣ мекунад.

Филм дар бораи ду ситорашинос нақл мекунад, ки дар давоми шаш моҳи татқиқот мефаҳманд, ки метеорит сайёраро нобуд хоҳад кард. Онҳо ба тамоми сайёраи ҷаҳонӣ рафта, одамизодро аз марг огоҳ мекунанд, аммо одамон бовар намекунанду онҳоро ба дуруғгӯӣ айбдор мекунанд.

Қаблан, лоиҳа ба ӯҳдаи студияи Paramount таъин шуда буд, аммо ҳоло он ба Netflix гузашт.

Наворбардории филм моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз меёбад ва нахустнамоиши он бошад, ба охири ҳамин сол баргузор хоҳад шуд.

ҲУНАРНАМОИИ ҶЕННИФЕР ЛОУРЕНС ДАР МАЗҲАКАИ НАВИ «НЕ СМОТРИ ВВЕРХ» JenniferLawrence 02

Сарчашма: https://112.ua/kultura/dzhennifer-lourens-sygraet-v-novoy-komedii-ne-smotri-vverh-ot-rezhissera-vlasti-526346.html

NETFLIX ОВЕЗАҲОИ ФАСЛИ ДУЮМИ СИЛСИЛАФИЛМИ «АКАДЕМИЯ АМБРЕЛЛА»-РО НАШР КАРД

Студияи Netflix овезаҳо бо аксҳо аз силсилафилми «Академия Амбрелла», ки дар асоси комикси The Umbrella Academy омода ва таҳия мешавад, нашр намуд. Филмноманавис дар ин лоиҳа Ҷерарда Уэя мебошад.

Аксҳо дар саҳифаи лоиҳа дар шабакаи Twitter нашр карда шуд. Қисми зиеди ин аксҳо ба қаҳрамонони асосӣ бахшида шудааст.

Аз паси чатрҳои ранга образҳои гуногун намоен мешаванд: Лютер Харгривз (Том Хоппер), Диего Харгривз (Давид Кастанйеда), Эллисон Харгривз (Эмми Рэйвер-Лампман), Клаус Харгривз (Роберт Шиэн), Бен Харгривз (Ҷастин Х. Мин), Ваня Харгривз (Эллен Пейҷ).

Нахустнамоиши фасли дуюми силсилфилми «Академия Амбрелла» соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, аммо ҳанӯз санаи дақиқе гуфта нашудааст.

Сарчашма:https://112.ua/kultura/netflix-opublikoval-postery-vtorogo-sezona-supergeroyskogo-seriala-akademiya-ambrella-526329.html