Сужаи клип сабтҳои машқ ва омодагии раққосаҳоро дар бар мегирад. Овозхони шинохтаи бритониёӣ Рита Ора клип барои суруди нави How To Be Lonely-ро ба мухлисону ҳаводоронаш муаррифӣ намуд.

Муаллифи матни суруд Люис Капалди мебошад. Хореографиро дар клип, раққоси машҳури британӣ Аарон Силлис ба ӯҳда дошт. Коргардони видеои мазкур Том Бирд, ки барои Florence+The Machine, FKA Twigs ва Klaxons низ клип таҳия кардааст, ба ҳисоб меравад. Наворҳои ин ролики мусиқавӣ машқи гурӯҳи рақсиро дар бар мегирад.

Сарчашма: https://www.unian.net/lite/kino/10922789-rita-ora-predstavila-tancevalnyy-klip-na-pesnyu-how-to-be-lonely.html