Нахустнамоиши силсилафилми «Загрузка»  ба 1 майи соли равон банақшагирӣ шудааст. Он дар шабакаи YouTube  дар хизматрасонии Amazon Prime ба намоиш гузошта мешавад. Трейлери аввали силсилафилми мазҳакавии «Загрузка», ки Грег Дэниелс таҳиягари он ба ҳисоб меравад нашр шуд.

Амали навор дар оянда сурат мегирад, ки дар он шуури одаме, ки дар ҳоли марг қарор дорад, метавонад ба муҳити воқеияти виртуалӣ ворид карда шавад. Дар маркази сужа ҷавонписар бо номи Натан (Робби Амелл) меистад. Ӯ ба садама дучор мешавад ва пас аз он шуури ӯ ба ин биҳишти рақамӣ ворид мегардад.

Сарчашма: https://www.unian.net/lite/kino/10922225-cifrovoy-ray-v-budushchem-vyshel-treyler-novogo-seriala-ot-sozdatelya-ofisa-video.html