Шабакаи телевизионии The CW трейлери нави силсилафилми «Старгерл» (Stargirl)-ро, ки аз рӯи комикси студияи DC таҳия мешавад, нашр намуд. Филмноманавис ва продюсери лоиҳа нависанда Ҷефф Ҷонс мебошад.

Силсилафилм дар бораи духтараки мактабхон Кортни Уитмор нақл мекунад.  Ӯ дар миёни ашёҳои падари угаяш Пэт Дуган, асои Стармэнро меёбад. Вай пештар ёвари Стармэн буд, аммо баъд аз маргаш, асои ӯро гирифт. Нақши қаҳрамони асосиро Брэк Бессинҷер мебозад ва Пэт Дуганро бошад, Люк Уилсон меофарад. Дар филм инчунин Луис Ферринйои хурд, ки ба ӯ нақши Рекс Тайлер насиб гардидааст, ҳунарнамоӣ мекунад. Ҷоэл МакГейл нақши Силвестра Пембертонаро меофарад.

Нахустнамоиши силсилафилми мазкур 12 майи соли 2020 ба ҳамагон пешниҳод мегардад.

Сарчашма: https://www.unian.net/lite/kino/10916483-vyshel-novyy-treyler-seriala-stargerl.html