Баэкранории филми мусиқавии машҳури «Кошки» дар «Золотая малина 2020» барои номинатсияҳои зидди ҷоизавӣ (антипремия) сазовори зинаи намоён гардид. Дар маҷмӯъ, филм ҳафт категорияи ҷоизаи мазкурро ба даст овард: «филми бадтарин», «коргарони бадтарин» (Том Хупер), нақши бадтарини дуюмдараҷаи мардона ва занона, ки онро Ҷеймс Корден ва Ребел Уилсон офаридаанд, соҳиб гардид.
Офарандагони ҷоизаи мазкур мегӯянд, ки нақша доштанд, то маросими дар ҳақиқат бошукӯҳи фарҳангӣ барпо кунанд, то дар он ситораҳои машҳур иштирок намоянд, «ташкили ягон саҳнаи ҳаҷвӣ» ва ғайраҳо. «Вале аз воқеаи ғайриинтизор, ки коронавирус ном дорад, сабабгор шуд, ки нақшаҳои мо дигаргун шуданд», — гуфта шудааст дар муроҷиат.
Хотиррасон менамоем, ки бисёре аз тамошобинон аз намуди зоҳирии персонажҳои «Кошки» нороҳат шуданд. Ин норозигии онҳоро, ки аз трейлери қаблӣ маълум буд, офарандагони филм бояд дар таҳияи қисмҳои нав ин нуқтаро дар назар мегирифтанд.

Cарчашма: https://www.kinonews.ru/news_92491/