Ҷараёни хизматрасонии Netflix нақша дорад, ки 40 саҳнаи аниматсионии филми тасвирии «Angry Birds: Summer Madness»-ро ба дӯстдорони синамо пешниҳод созад.

Мувофиқи иттилои нашрияи Collider хабар додааст, ҳар як қисми ин саҳнаҳо тақрибан 11 дақиқаро дар бар мегирад. Нахустнамоиши ин филми тасвирӣ ба соли 2021 гузошта шудааст.

Сужаи филм истироҳатгоҳҳои тобистонаро дар бар мегирад. Персонажҳои Ред, Чак ва Бомб, ки аллакай ба мухлисон шинохта мебошанд, нақшҳои марказиро мебозанд. Ғайр аз ин образҳо боз қаҳрамонони нав низ ҳамроҳ мешаванд.

Студияи Netflix дар саҳифаи твиттери худ наворҳои аввалинро нашр кардааст.

Хотиррасон мегардем, ки филми пурраметражи Angry Birds солҳои 2016-2019 рӯи саҳна омада буд ва аз намоиши ҷаҳонӣ, зиёда аз 500 миллион долларро ба хазинаи худ ворид намудааст.

Сарчашма: https://112.ua/kultura/netflix-snimet-animacionnyy-serial-po-angry-birds-530555.html