МАСТЕР-КЛАСС БАРОИ КЕЛИНҲО: ШАКАРОБ


«Summertime, and the livin’ is easy…» Бибии шумо сатрҳои суруди «Summertime»-ро ба ёд овард. Онро Луи Армстронг ва Элла Фитcҷералд cароидаанд. Ин суруд роҳати ҳақиқӣ ва садои форам барои гӯшҳо ва ҷон аст. Бале, бале, ман на танҳо шашмақомро гӯш мекунам. Бо мусиқии беҳамто ба сарам як идеяи олиҷаноб омад: имрӯз ман ба шумо тарзи тайёр кардани таоми асили тобистонаи тоҷикӣ-шакаробро ёд медиҳам. Он ҳам барои нафарони танбал, ҳам барои одамони харобшаванда ва муҳимтар аз ҳама барои хуштоман мувофиқ меояд.

Деҳа тобистонҳо ба як минтақаи фароғатӣ ва боғи воқеӣ мубаддал мегардад. Дастони худро аз тиреза берун карда, як хӯшаи ангурро мегирӣ, дар боғ хам шуда, фикр мекунӣ, ки гӯё ба мағозаи хӯрокворӣ рафтаӣ. Дар шаҳр душвортар аст, зеро барои маҳсулоти лозимаи шакароб бояд ба бозор равед. Муҳим он аст, ки ҳама чизҳои заруриро дар мағозаи якуми аз пешатон баромада харид накунед, балки маҳсулоти тару тозаро ҷустуҷӯ намоед. Ба рӯйхат бояд ин чизҳо бошад: 2 сар пиёз, райҳон, шибит, кашнич, занҷабил, 400 г чакка, 4 помидори калон, 3 бодиринг. Ба мо инчунин фатир даркор аст, ки шумо аллакай тарзи тайёр кардани онро дар ин ҷо омӯхта будед.

Барои он ки хӯрок ба хӯриши маъмулии сабзавот монанд нашавад, онро дар табақ тайёр кардан даркор аст. Нафароне ёфт мешаванд, ки муқобили ин гуфтаҳо шояд гӯянд, ки зарф дар раванди пухтупаз ҳеҷ нақш бозӣ намекунад. Аммо Бибиш ба ин гуфтаҳо қатъиян розӣ нест. Бартарии асосии табақи анъанавии тоҷикӣ дар ин аст, ки он аз дарахти чинор ё чормағз сохта мешавад. Он ба хӯрок таъми махсус мебахшад ва ба одам қудрати беҳамтои заминро медиҳад.

Усули омодасозии сабзавот ва гиёҳҳо фалсафаи муайянро дорад. Онҳоро танҳо бо корд реза кардан кофӣ нест. Шакароб ҳамчун як навъ хӯрок ва пухтупаз бо истифода аз уғроқ эҷод карда мешавад.

*Угроқ – асбоб барои майда кардани хушбӯйкунандаҳо пешбинӣ шудааст.

Пеш аз он, ки пухтупазро мустақиман оғоз кунед, тасаввуроти худро бедор кунед. Тасаввур кунед, ки шумо дар ошхона не, балки дар устохонаи рассом ҳастед. Табақ ин молберти шумост; маҳсулотҳо рангҳо мебошанд; уғроқ – мӯқалам ва шумо бошед, да Винчии бениҳоят боистеъдод ҳастед. Агар омода шуда бошед, кабудӣ ва қаламфурро тайёр кардан даркор. Онҳоро майда реза кунед, то ки дар уғроқ об кардан осон шавад. Ҳама чизро бо ҳаракатҳои боваринок ва бо муҳаббат лат занед, то ки бӯйи форами сеҳрнок ба уғроқ пайдо шавад. Вақти он аст, ки пиёз, помидор ва бодирингро реза кунем. Алгоритми амалҳо қариб якхела аст. Ягона фарқаш дар он аст, ки ба шумо лозим аст, то сабзавотро хуб майда кунед. 5 дақиқаи ҳаракати фаъол бо дастҳо ва супориш ба анҷом расид.

Ин бӯйро ҳис мекунед? Тобистон маҳз чунин бӯй мекунад. Танҳо чаккаро ба коса гирифта об кардан мондаасту халос. Ба он бояд қувваи худ ҳамроҳ карда, фатирол омехта кардан лозим аст.

Барои он ки ҳама чиз қонунӣ бошад, Бибиш маслиҳат медиҳад, шакаробро бо дастони худ хӯред, аммо ахлоқан шумо ба ин амал омода нестед.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Мухайё Баротова