10 ФИЛМИ БЕҲТАРИН ДАР HBO MAX


Оё шумо бо ҷараёни хизматрасонии нав шинос шудед? Ба шумо роҳнамои беҳтарин барои филмҳоро пешниҳод мекунем. Сар карда аз классикӣ то хитҳои муосир.

Бо вуҷуди баъзе мушкилотҳо, HBO Max ҳанӯз ҳам фаъолияти худро идома дода истодааст. Хизматрасонии HBO “мизи шведӣ”-ро аз барномаҳое, ки дар он, лоиҳаҳои аслии худи ҷараён ворид гардидааст, пешкаш мекунад. Ба филмҳое, ки аз доираи васеи франшизаҳои блокбастерҳо ва классикони намунавӣ шинохта мешаванд, бетарафӣ зоҳир нагардидааст. Ба тамошобинон шумораи зиёди барномаҳо пешкаш карда шудаанд (тавре ки ба мо гуфтанд, дар тӯли 10 000 соат). Вале мо тасмим гирифтем, ки лаҳзаҳои ҷолибтарин ва тасвирҳои диққатҷалбкунандаро, ки аз он ҳама чиз оғоз ёфтааст, баррасӣ кунем.

Гражданин Кейн

Вақте ки соли 2018 AT&T ҷараёни хизматрасонии FilmStruck-ро баст, ширкат ваъда дод, ки дар хизматрасонии ояндаи он, ки оқибат HBO Max ном гирифт, китобхонаи бузурги классикони синамо ташкил карда мешавад. Ва ин шӯхӣ набуд: ҷадвали брендии телевизиони Turner Classic Movies дар интерфейси Max бо намоиши дӯстдоштаи ҳамагон «Поющие под дождём», «Касабланка» ва «Бен-Гур» ифтихор карда метавонад. Аммо, агар шумо хоҳед, ки худро дар асри тиллоии Голливуд тасаввур кунед, пас чаро аз филме, ки ҳамеша дар миёни дигар филмҳо беҳтарин асту тамошобинони зиёд дорад, аз он оғоз накунед? HBO Max — хизматрасонии эксклюзивӣ мебошад, ки шоҳасари соли 1941-ро нигоҳ медорад – “Гражданин Кейн” – ҷилои хотираҳои аҷоиб ва фароғатии медиамагнати амрикоӣ ба ҳисоб меравад. Тасвир ҳам аз нуқтаи назари эстетикӣ ва ҳам аз нуқтаи назари техникӣ ҷолиб аст.

Огни большого города

Дар айни замон, TCM кори яке аз беҳтарин филмсозон ва рассомони ҳама даврҳоро — Чарли Чаплинро таҷассум менамояд. Филми “Огни большого города” (Чароғҳои шаҳри калон) филмографияи ӯро ба таври комил тасвир мекунад. Шинос шудан бо кори ӯ ва ё аз куҷо оғоз кардан душвор аст, аммо бешубҳа бо интихоби филми мазкур шумо хато нахоҳед кард.  Ин қиссаи нозук дар бораи як нафари дарбадари хурд Чаплин ва духтари гулпарвари нобино (Вирҷиния Черрилл) нақл мекунад, ки бо ӯ дӯст асту барои биноиши ин духтар кӯмак мекунад. Бозгашти дили онҳо ба яке аз беҳтарин анҷоми филмҳо табдил меёбад. Чаплин ин эҷодиёти аҷиби худро соли 1931 таҳия намудааст, ки он ҳамчун як филми беовоз ба ҳисоб мерафт. Ин тасвир ҳатто пеш аз филмҳое, ки бо садо таҳия шудаанд, омода шудааст ва бо мусиқию эффектҳои садоӣ ба ҳамагон дастрас гардида буд. “Огни большого города” ҳамчун ёдраскунандаи қавии нерӯи кинематографияи пантомима хизмат мекунад.

Похитители велосипедов

Маҷмӯаи бодиққат интихобшудаи Criterion яке аз беҳтарин платформаи FilmStruck буд ва пайрави он Channel Criterion мебошад, ки дар ҷараёни синамои мазкур ҷои махсусро ишғол мекунад. Аммо, зиёда аз 200 асарҳои марбут ба HBO Max ҳамчун мундариҷаи беҳтарин дар омӯзиши филм бо ёрии устоҳои маъруфу шинохта, аз қабили Бергман, Феллини, Куросава ва филмҳое чун «Годзилла» хизмат мекунанд. Шумо метавонед бо шоҳасари Виктория де Сика — «Похитители велосипедов» оғоз кунед. Ин ҷузъи калидӣ дар ҳаракати номумкини синамои пас аз ҷангии Италияро муайян кард. Сужаи филм дар атрофи сардори оилаи синфи коргарон сохта шудааст. Дучархаи мардро дуздиданд, ки барои кор кардан ва таъмин кардани оилааш зарур аст. «Похитители велосипедов» — ин аз таърихи муқаррарии гумшуда ва ёфташуда зиёдтар мебошад. Де Сика ва ҳунармандони ӯ (дар миёни онҳо мутахассисони касбӣ нестанд) дар филми мазкур тарсу ҳарос ва ноумедиро дар зиндагӣ ба ҳадди камбизоатӣ нишон медиҳанд.

Мой сосед Тоторо

Силсилафилмҳои гаронбаҳо ба монанди «Друзья» ва «Теория большого взрыва», ба HBO Max диққати зиёди тамошобинонро ба худ ҷалб кард ва бисёриҳо хурсанд буданд, ки хидматрасонӣ орзуи дӯстдорони синаморо дар даврони рақамиро амалӣ намуда, ҳуқуқро барои номгӯи филмҳоро аз студияи Ghibil гирифт.

Хизматрасонӣ 21 филмро пешниҳод мекунад, ки қисми зиёди асарҳои пурраи студияи аниматсияи Ҷопонро ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуди баҳс дар бораи он, ки кадом филм аз ҳама беҳтарин аст, кори Хаяо Миядзаки “Мой сосед Тоторо” бо ҳамҷоягии аҷибе, ки ба филми тасвирӣ ва реализми педантии бо аломатҳо назоратшаванда беҳтар аст, ки бо услуби шинохтаи аниматсия шиносоиро оғоз намоед.

Тоторо ҳикояест, ки дар бораи ду духтараке, ки бо арвоҳи ҷангал дӯстӣ мекунад, нақл мекунад. Сужаи хуб ва шодиовари бо ҷодугарии ҳамарӯза ва хаёлоти бойи кӯдакон пурқувват мешавад.

Чудо-женщина

Ҷадвали брендии хидматрасонии DC айни замон дар ҳоли коркард қарор дорад. Эҳтимол аз сабаби мушкилот бо созишномаи литсензионӣ дар филмҳои машҳуру дӯстдоштаи тамошобинон, аз ҷумла силсилаи филмҳои “Супермен” ва трилогияи Кристофер Нолан «Тёмный рыцарь» иҷозати намоишро ба даст наовардааст. Бо вуҷуди ин, дар ҷадвал шумо филмҳоеро дар бораи «Бэтмен», ки онро Тим Бёртон ба навор гирифтааст ва «Ҷокер»-ро, ки ба коргардонаш ҷоизаи “Оскар”-ро насиб гардонид, кори ҳассосонаи соли 2017 «Чудо-женщина»-ро пайдо карда метавонед. Қаҳрамони фарҳангие, ки нақши онро Гал Гадот, дар шакли маликаи Амазония бозӣ кардааст, ба таври назаррас аз тирҳо яктарафа мешавад ва Лассои Ҳақиқатро муаррифӣ карда, инсониятро аз бадӣ дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ наҷот медиҳад.

За канделябрами

Пас аз намоиши нахустин филми HBO ва аз ҳама бо муқаддастарин лоиҳа ин — «История Терри Фокса» мебошад, ки соли 1983 таҳия шуда, диққати як қатор коргардонҳои машҳурро, ба мисли Майк Николс, Барри Левинсон, Ди Рис ва Стивен Содерберг ба ҳисоб меравад, ҷалб намуд. Онҳо соли 2013, пас аз намоиши филме, ки дар бораи Либерач ва солҳои охири ӯ нақл мекард, ба таври васеъ эътироф карда шуданд. Майкл Дуглас барои нақши як пианинонавоз ва шоумэни дурахшон, ҷаззоб, харизматик, аммо оромтабиат ва камгуфтор хеле мувофиқ меояд. Ҳамзамон, ӯ ба саҳнаҳои ҳассос бо Скотт Торсон (Мэтт Деймон), ошиқи ҷавоне, ки ин ҳикояро нақл мекунад, моҳирона мегузарад.

Цена золота: скандал в американской гимнастике

Эҷодкунандагони филмҳои HBO аксар вақт ходимони фарҳангро ситоиш мекарданд, ба воқеаҳои таърихӣ баргаштанд ва ба душвориҳои иҷтимоӣ вобастагӣ доранд. Яке аз корҳои эҷодкардаи таъсирбахш ин «Скандал в американской гимнастике» мебошад, ки дар он Эрин Ли Карр золими машҳур, доктор Ларри Нассарро фош мекунад, ки садҳо гимнасткаҳои ҷавонро ранҷонидааст. Карр ҷиноятҳоро (дар ҳама ҷузъиёти нафратангез), психологияи ҷиноӣ ва кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба ӯ имкон дод, то муддати тӯлонӣ беҷазо гардад, баррасӣ мекунад. Эрин инчунин ба қурбониёни зӯроварӣ ва бори гарони гуноҳ ва шарм, ки онҳо муддати тӯлонӣ кашидаанд (ва то ҳол ҳам сабр мекунанд) диққат медиҳад. «Скандал в американской гимнастике» — як филми ҳуҷҷатии пуртаъсир ва таҷрибаи талх аст, аммо дар аксари ҳол ин филм дар бораи аст, ки бояд ба занҳо бояд эътимод кард, зеро ҳоло ҳам дер нашудааст.

Гарри Поттер и узник Азкабана

Ҳуқуқҳои эксклюзивии ҷараён ин мутобиқгардонии ҳашт қисми машҳури Ҷоан Роулинг – боз як аз дастовардҳои HBO Max ба ҳисоб меравад. Ҳама филмҳо дар навбати худ хубанд — бале, ҳатто ду қисмати аввал низ. Аммо нахустин тасвири калонҳаҷми силсилафилми мазкур (ва шояд қисми беҳтаринаш бошад) ин қисми сеюм аст, ки дар он ғолиби ояндаи ҷоизаи “Оскар” Алфонсо Куарон, таҳияи лоиҳаи ба дасти худ мегирад ва ба персонажҳо аломат ва либосҳоеро, ки ба ахлоқи меланхолҳо вобастаро аст, меофарад.

Её запах

Хушбахтона, интихоби филмҳои муосири хидматрасонӣ, танҳо бо блокбастерҳо маҳдуд намешавад: дар каталоги Max, бисёр асарҳои машҳури мустақил ҷой дода шудаанд. Дар байни онҳо филми бадеии Райан Флэк ва Анна Боден «Полу-Нельсон», филми Дебра Граник «Зимняя кость», филми боевики Херардо Наранхо «Мисс Пуля» ва драмаи ҳаяҷонангези мусиқавии «Её запах», ки аз ҷониби филмномагузор ва коргардон Алекс Росс Перри ба навор гирифта шудааст. Дар ин филм, Элизабет Мосс нақши Бекки Самсин, ситораи панк-рок ва а-ля Кортни Лавро мебозад. Мушкилоти равонӣ ва рафтори худогоҳии қаҳрамони асосӣ ба фаъолияти касбии ӯ таҳдид мекунад. Дар филм афтидан ва эҳёи эҳсос ҳамчун тарсу ҳаросҳои сахтии клаустрофобӣ ва дучоршавӣ бо ин гуна тарсро нақл мекунад. Сужа душвориро ҳангоми сабт намудан дар студия нишон медиҳад.

Мы

Фаромӯш набояд кард, ки HBO тӯли солҳост, ки бо номаш — Home Box Office тамошобинонро ба худ ҷалб кардааст. Ин хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки аз хона набаромада, ба кинотолорҳо раведу аз филмҳои дӯстдоштаи худ дидан намоед. Дар давраи пеш, ҳангоме, филмҳои «Клан Сопрано» ва «Секс в большом городе» дар кинотолорҳо набаромада буд, ҳаводорони синамо дар НВО филмҳои Голливуд тамошо мекарданд, ки он пас аз як сол ё бештар ба намоиш гузошта мешуд. Ва чунин мисолҳо зиёд аст: мазҳакаи ошиқонаи «Та ещё парочка» бо Шарлиз Терон ва Сет Роген дар нақшҳои асосӣ, филми мусиқавӣ бо иштироки Брэдли Купер ва Леди Гага «Звезда родилась» ва ё филми даҳшатноки Ҷордан Пил «Мы» дохил мешаванд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ин филм ба беҳтарин филмҳо миёни дар боло номбаршуда дониста мешавад. Илова ба филмномаи ихтироъшуда, ки аз сужаи шубҳаовари он, аз ҳунарнамоии ҳайати ҳунармандони филм (аз ҷумла, иҷрои пуртаъсири Люпит Нюнго) тамошобин ба ҳайрат меояд. Триллери тасвир бошад, ба носталгия рӯ ба рӯ мекунад: ин ҳамон филми даҳшатбор аст, ки бо тарсу ҳаросияти беандозаро фаро расидааст, ки мо, фарзандони амрикоии солҳои 80-ум, шабона аз ҳуҷраи хоб берун мешудем, то пинҳонӣ HBO тамошо намоем.

New York Times, Джейсон Бейли

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Сомон Комилов