МАСТЕР-КЛАСС БАРОИ КЕЛИНҲО: НОНҲОИ ХӮРДАНИБОБ МЕПАЗЕМ


Шӯрбо, макарон, манту, ош, шӯла, қурутоб, шакароб, тарбуз ва ангур. Онҳоро чӣ муттаҳид месозад? Не, ин номгӯи хӯрокҳои меню аз тез тайёри назди хонаатон буда нест ва ҳатто он чизе, ки дар сари дастархони ҳар як соҳибхоназан бояд бошад ба ҳисоб намеравад (ҳарчанд …). Хай майли, шуморо азоб намедиҳам. Нон! Ҳамаи ин чизҳои номбаршударо бо нон мехӯрем. Бале, афзалиятҳои гастрономии баъзе одамон метавонад ба унвони «Ҳаштум мӯъҷизаи олам» мувофиқат кунад. Пас, чаро мо чӣ гуна пухтани нони ҳақиқатан ҳам зебо, лазиз ва резонаки тоҷикиро наомӯзем. Чун дар зарбулмасали қадима гуфта шудааст: «Нон бувад чун ҷони одам».

Тарси асосии бисёриҳо ин хамир аст. Хабари хуш, омода кардани он ҳеҷ мушкилие надорад. Танҳо бояд ба лаган ним литр оби гарм рехта, 1 қошуқи калон намак ва орди пештар элакшуда илова кунем, то ки хамир мулоим шавад ва ба даст начаспад. Танҳо одамони бодиққат фаҳмиданд, ки хамиртуруш номбар нашуд. Барои чӣ он лозим, вақте ки шумо хамирмон дошта бошед.

*Эзоҳ барои НОНПАЗОНИ навомӯз: хамирмон – ин боқимондаи хамир ба ҳаҷми пиёла аст, ки як муддати номуайян дар зарфи пӯшида гузошта мешавад. Хамирмонро ба ҷои хамиртуруш истифода бурдан хубтар аст, зеро ӯ ба нон бӯйи хуш медиҳад. Онро бояд дар об ҳал кунем. Ин ҳамчун як даври беохири гардиши хамир дар табиат мебошад.

Вақте Бибии шумо аввалин бор нон пухт, ӯ  12 сола буд. Фикр мекунед, ки ман аз якум бор аз ӯҳдаи пухтан баромадам? Не! Вақте ки хамир ба дастам мечаспид, ман ҳамин қадар асабӣ мешудам. Ҳар дафъа қасам мехӯрдам, ки ман дигар ин корро такрор намекунам. Ба ҳар ҳол, пас аз як қатра равғани офтобпараст ба даст молидан ва каме орд ба гирди зарф пошидан – нон аниқ бе ягон мушкилӣ тайёр мешавад! Бибиям ҳамеша мегуфт: «Бачам, чи қадаре, ки хамир зебо бошад, ҳамон қадар шавҳари зебо насибат мегардад».

Ин гапро дар хотир гирифта, сидқан хамир тайёр кунед. Ана ба шумо машқи ҷисмонӣ. Баъд ҳамаашро бо дастархони ғафс нағз пӯшонда монда, интизор шавед. Агар хамир нағз мушт зада шуда бошад, ним соат пас мерасад, агар не… пас сабр кардан даркор.

Фикр кардед ба ҳамин тамом? Не. Акнун пухтан даркор. Ба 12 дастоварди Геракл, хушдомани тоҷик ба хушӣ боз яктои дигарро илова карда метавонад — ба девораи танур нонро часпонад, ин дар айёми ҷавонии ман буд. Ҳоло бошад, шумо тафдон доред. Хамирро ба 4 қисм тақсим кунед, ҳар яки онҳоро дар лаълии тафдон тунук карда, ба шакл дароред. Беҳтараш ба даврашакл. ВАЛЕ! Шумо метавонед, ки ба хамир шакли дилхоҳи худро диҳед. Аз мухпар- асбоби махсус- истифода бурда, эҷод намоед! Гулдор нон мехоҳед — марҳамат! Агар ном навиштан хоҳед — марҳамат! Расми гурба / писар / духтар / шавҳари худро дар рӯи нон дидан мехоҳед- марҳамат! (Албатта агар, ки тавонед)

Босаброна гоҳ-гоҳ тафдонро хабар гиред, то ба ҷои нон, ягон чизи сип-сиёҳи номаълум тайёр нашавад. Ана! Нони бо дастони худат тайёркарда омода шуд. Сурат гирифта, дар Instagram гузошта метавонед ва ё дар фикри ташкили блоги ғизоии худ ҳам шуда метавонед. Аммо саросема нашавед. Зиёда аз сад намуди нонҳои тоҷикӣ мавҷуд аст ва худро бо донистани як навъи нон маҳдуд намудан айб аст. Бибиш ба шумо тарзи тайёр кардани кулча ва фатири варақиро ёд медиҳад.

Ба кулчапазӣ шурӯъ мекунем.

Ба тайёр кардани кулча шурӯъ мекунем. 500 мл шири гарм, 100 мл равғани офтобпараст ва хамирмонро ба ҳам омехта намудан лозим аст. Ба он намак ва орд низ илова мекунем. Равғани дар таркиби хамир буда имкон намедиҳад, ки он ба даст часпад.  Ҳатто агар часпак шавад ҳам, шумо медонед, ки чӣ кор кунед. Онро хубтар мушт зада, шавҳари хушрӯро ба ёд оред. Баъди дам гирифта расидани хамир, онро ба қисмҳои хурд тақсим кунед ва мухбар зада ба тафдон гузоред. Осон? Осон!

Фатири варақӣ ҳатто аз ин дида осонтар ва тезтар омода мешавад.

Ба шумо 200 мл об, намак ва орд лозим аст. Хамирро мушт задан гиред, то он даме, ки вай ба монанди давоми дасти шумо нашавад.  Онро ба 2 қисм тақсим кунед ва ҳар кадомашро бо тирак дар болои суфра тунук карда, ба рӯи он равғани офтобпараст молед. Тасаввур кунед, ки шумо рулет тайёр карда истодаед. Равған карда, кам-кам хамирро мепечонем. Ин амалро то тамом шудани хамир идома медиҳем. Фатири худро аз болояш пахш мекунем, то ки он ба нон монанд шавад. Ба тоба як қатра равған илова кунед. Пас аз гарм шудан, ба бирён кардан шурӯъ кунед. Тамом, ҳама чиз тайёр! Шумо бошад тарсидед. Кадбонуҳои ман эҳтимолан хаста шуданд, аммо, тавре ки мегӯянд: «Поёни шаби сиёҳ сафед аст».

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Мухайё Баротова