МИНБАЪД ЧИ БОЯД КАРД: ДУХТАРОНИ НАВРАС ДАР БОРАИ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН


Стереотипҳо ва тасаввуротҳо ба як ҷузъи тафаккури тоҷикон табдил ёфтаанд. Бахусус он ба ҷинси зан марбут аст. Духтар бояд ҳамеша: ба касе вобаста бошад, касеро гӯш кунад, ба касе итоат кунад. Аммо воқеияти муосир тағироти назаррас ва таҳрири дубораи ақидаҳоро талаб мекунад. Тоҷикистон низ истисно нест. Қаҳрамонони ин шумораи Rule Makers — духтарони наврас, ҷавон, далер ва фаъол мебошанд, ки бар зидди меъёрҳои кӯҳна муқобилият нишон медиҳанд!

Вақти холии худро чи тавр мегузаронӣ?

«Ман кӯшиш мекунам вақти холиамро ба корҳои муфид сарф кунам: бо гӯш кардани мусиқӣ, расмкашӣ ва инчунин омӯзиши дизайни графикӣ дар интернет», — мегӯяд Жасмин.

Нақшаҳои ту барои оянда?

«Ман мехоҳам дар донишкадаи тиббӣ дар хориҷа таҳсил кунам ва ба Тоҷикистон баргашта, кӯшиш ба харҷ диҳам, то тибби худамонро ба зинаи нав бардорам”, — Ноза.

Ҷавонони Тоҷикистон имкон доранд, ки рушд кунанд?

  «Ман боварӣ дорам, ки Тоҷикистон майдони хубест барои оғоз кардани ягон кор, зеро мо то ҳол бисёр чизҳо дар мо кушода ва пешрафта нест. Аз ин рӯ дар чунин сатҳ худро аз ҷиҳати мусбат нишон дода, ба насли ҷавон намуна шудан осонтар мешавад», — гуфт Лола.

Мусоҳиба нишон дод, ки насли наврас таҳсилотро ҳадафи асосии худ қарор додаанд. Гуфтаҳои онҳо нишон медиҳад, ки онҳо на танҳо чизи навро омӯхтан мехоҳанд, балки рушду равнақ ёфтан, сайёҳат кардан, таҷриба ба даст овардан мехоҳанд, то дар ободии кишвар саҳмгузор бошанд.

Мусоҳибаи пурраро дар шабакаи YouTube-и Subzee TV тамошо кунед.

*Нашрияи мазкур ба туфайли кӯмаки мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид. Booms News барои мундариҷаи ин нашрия масъул аст, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намекунад.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Сая Нодири