Кӯдаки ман бо як калима гап мезанад


Калимаи «Дито» мумкин ягон маъно надорад, аммо барои ӯ ин 200 калима ва ибора мебошад.

Кӯдаки ман — шахси камгап мебошад. Агар шумо ӯро ҳадди ақал як бор дида бошед, шумо шояд шунидаед, ки вай як калима, яъне «Дито»-ро чи тавр талаффуз мекунад. Ин калима қулай аст, зеро он бисёр маъно дорад. «Дито» нидои маъмулии ӯ аст: «Нигоҳ кун», «Инҷо аст», «Салом», «Ман хушҳолам» ва баъзан «Биё, инро мешиканем». «Дито» як қатор рангҳои маъноӣ ва интонатсияҳои пурмазмун дорад, ки ба туфайли он метавон муайян кард, ки Сеамас Дитои хушҳолона мегӯяд, Дитои саволӣ ва ё вай дитои оддӣ мегӯяд, ба мисли он ки шахсро зарур набуд то онро талаффуз кунад.

Ин танҳо охирин истгоҳи сафари забонии ӯст. Ӯ то ҳол дод заданро аз сӯҳбат кардан афзалтар медонад ва инчунин бо овози баланд салом додан ба одамон, ҷойҳо ва ашёҳоеро, ки мебинад ва сипас бо онҳо хайру хуш мекунад. Ӯ тасмим гирифт, ки ҳама ҳашароти ҳавоӣ занбӯри асаланд, бинобар ин, агар дар ҳуҷра магасе пайдо шавад, он ӯро бо хурсандӣ мегӯяд: «Салом, занбӯри асал!» Ва баъд вақте он аз чашмаш дур мешавад, пас мегӯяд: «Хайр, хайр, занбӯрак! «. Ин албатта дилнавозона аст, аммо азбаски вай ин амали хушмуомилаашро бо ҷиддияти мутлақ иҷро менамояд, аксар вақт ба доми бебаҳои этикаи ҳашарот афтода, салому алейки худро тамоми рӯз бо як пашша идома медиҳад. Ҳангоме, ки бо зарурат бояд ӯро фавран бо доя танҳо гузорем, пас лаълии ифлос бо пашшаҳо ба мо кӯмак мекунад, зеро ӯ овораи сӯҳбат бо пашшаҳо мешавад.

Аммо худи ин «Дито» муаммоҳоро зиёд мекунад. Бар хилофи афсона, ки эскимосҳо 200 калимаро барои ифодаи калимаи барф истифода мебаранд, писари ман кӯшиш мекунад як калимаи комилро бо ду сад маъно эҷод кунад. Дунёи ӯро метавон дар ду ибора тасвир кард, гӯё ки вай олами хурдакаки норинҷии Ходор мебошад. Падари Ходор дар ҳақиқат хавотир аст, ки оё писараш ба мисли дигар кӯдакон ба таври муқаррарӣ сухан гуфтанро меомӯхта бошад?

Ҳафтаи гузашта дӯсти ӯ Ману (ки ҳашт ҳафта калонтар аст) ба ман гуфт, ки ӯ филро хоб дидааст. Агар шумо аз фарзанди ман мепурсидед, ки ӯ чӣ хоб дидааст, вай ҳашт маротиба «Дито»-ро такрор мекард ва фарёд зада, аз хона баромада мерафт. Шумо набояд фарзанди худро бо кӯдакони дигар муқоиса кунед, вале ӯро бо кӣ баробар карда мешавад?

Вай дигар калимаҳоро низ меомӯзад, аммо онҳо меоянд ва мераванд. Майнаи ӯ танҳо калимаҳои охиринро ба хотир мегирад, ба монанди тарроҳии iPhone ва иштирокчиёни «Остров любви», ҳама гуна калимаҳои нав ҷои гузаштаи пурғавғоро танг мекунанд ва онҳо аз луғати ӯ тамоман нопадид мешаванд. Мо дар ҳайрат будем, вақте ки ӯ чанд ҳафта пеш “ба боло” ва “ба поён”-ро омӯхт ва баъдан фаҳмидем, ки ӯ гуфтани номашро бас кардааст. Аз он вақт инҷониб вай дигар ин суханро ба забон наовард. Ҳар он чизе, ки шумо дар бораи Ходор нагӯед, аммо ҳатто ӯ метавонист ин вазифаро иҷро кунад.

Ҳоло мо бо ӯ гуфтугӯро идома дода, умедворем, ки калимаи «Дито» тамоман аз байн хоҳад рафт ва ё ҷои онро калимаҳои воқеӣ иваз хоҳанд кард. Бо ин ё он роҳ, мо кӯшиш мекунем, ки бо ӯ ба забони худаш мефаҳмида сӯҳбат карда, оҳиста-оҳиста аз нутқи ҳамарӯза ба олами як каломи аҷиб гузарем. Бурдани блог хеле осонтар мебуд. Шояд писар нафари ғайриоддӣ бошад.

The Guardian, Сеамас О’Рейли

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Сомон Комилов