Либоси аз партов дӯхташударо мепӯшидӣ магар?


Ба муди мейнстримингӣ хайр гуфта ба либоси мардона аз дастархон салом мегӯем. Муассиси нашрияи нави TRASHMag боварӣ дорад, ки ояндаи муд дар қуттии партовҳо ҷойгир аст.

Пас аз даҳ сол муд чӣ гуна хоҳад буд? Агар ин ба ман вобастагие медошт, пас муносибат ба «исроф» дубора баррасӣ намуда, дигар маҳсулоти мӯд дар ҳама ҷо пайдо намешуд ва мо либосҳоро барои тарзи сохтани онҳо қадр мекардем, на ин ки аз ҷониби кӣ омода шуданаш. Ман боварӣ дорам, ки ин имконпазир аст: соли гузашта ман маҷаллаи TRASHMag-ро дар бораи дизайнерҳо ва рассомон, ки кори ахлоқӣ эҷод мекунанд, роҳандозӣ кардам. Нӯҳ навоварони ҷавон — қаҳрамонони мақола — аз ҷумлаи онҳоянд. Аз як модистоне, ки биоматоъҳои растанигиро меофарад ва ба тарроҳе, ки кроссовкаҳои кӯҳнаро ширеш мекунад; идеяҳои онҳо нақшаҳои муди ояндаро доранд, ки маблағи зиёдро талаб намекунанд.

Амели Гайдул

Либосҳои мардонаро аз дастархон медӯзад

Барои намоиши охирини худ дар Донишгоҳи Вестминстер, хатмкунандаи муд Амели Гайдул як ёддошти визуалӣ навиштааст, ки мавзуи асосии он тарабхонаи бибии ӯ, воқеъ дар ҷануби Олмон қарор дорад, ба ҳисоб рафт. Гайдул 100-сола дастархонҳои рӯи мизӣ ва сачоқҳои тарабхонаро ҳамчун матоъҳои асосии ҳатто бо доғҳои хурок ва оби ҷав барои коллексияи худ истифода бурд. Бисёре аз тарҳҳо бо қошуқҳои нуқрагӣ, ки аз бозорҳои атиқафурӯшии Лондон харидорӣ шуданд, ороиш дода шудаанд; ӯ таъкид мекард, ки «мо он чизе, ки дар атрофамон ҳаст, қадр намекунем, зеро дар ҷаҳони босуръат рушдёбанда зиндагӣ мекунем».

Дюран Лантинк

Тарҳҳои тарроҳиро дубора эҳё мекунад

Тарроҳе аз Амстердам, ки хуни ҳолландӣ ва Африқои Ҷанубӣ дорад, аз ашёҳои нолозим либосҳои нав меофарад. Дар либосҳои ӯ, ки онро Билли Эйлиш низ пӯшида буд, моҳияти як комбинатсияи ғайриоддии муд ифода ёфтааст. Барои сохтани як ҷуфт пойафзоли Лантинк аз либосҳои нодаркор ё ашёи кӯҳна ва матоъҳои истифоданашудаи Nike, Доктор Мартенс, Hermès ва Дрис Ван Нотанро истифода бурдааст. Тааҷҷубовар нест, ки ӯро брендҳои дараҷаи аввал ҷалб менамоянд: ҳисси муд дар ӯ нисбат ба Марҷелла ва Гуччи назаррас мебошад. «Вақте ки ман нӯҳсола будам, либосеро, ки аз ҷевон пайдо кардам, бурида будам» — мегӯяд тарроҳ. Лантик инчунин фармоишҳоро қабул мекунад ва бо Liberty ва Browns, барои эҷоди коллексияҳо аз либоси фурӯшнашуда ҳамкорӣ дорад. “Дар аввал, вақте ки нав корро оғоз карда будам, ман “субот” надоштам. Аммо ин корест, ки ман ҳамеша кор мекардам ва тасаввур карда наметавонистам, ки боз бо чи кор шуғл варзида метавонам».

Сесили Крэкрофт-Эли

Пӯст ва чормағзро ба либос мубаддал медиҳад

Донишҷӯи Донишгоҳи Сент Мартинс Сесили Крэкфорт-Эли соли гузашта онро хатм намуд, ки бо офаридани коллесияи дастӣ аз матоъҳои табиӣ, аз ҷумла чормағз, пӯсти нзимба, шпагати джутии органикӣ ва матои лубянаӣ аз ҷангалҳои Уганда, ки Сесили соли таҳсилро дар он ҷо гузаронида буд. «Ба ман ҳунарҳои маҳаллӣ ва паҳлӯҳои ҷамъиятӣ маъқул шуд: дидани одамоне, ки якҷоя кор мекунанд, хеле хуш аст», — мегӯяд ӯ. Пас аз шоҳиди амалҳои бади ин соҳа, ҳангоми таҷриба дар Париж, вай қарор дод, ки танҳо коллексияи матоъҳои табиӣ худро ба роҳ монда, матоъҳоро аз нав коркард мекунад. Моҳи феврал, вай ба ҳамон ҷое дар Уганда баргашт, то бо занон дар ҷамоаи маҳаллӣ кор кунад ва боварӣ дошт, ки “чизи муосире, ки ҳоло мо карда метавонем, ин бозгашт ба ҳунармандӣ мебошад. Тамоми система ба тағйирот ниёз дорад».

Прия Ахлувалиа

Ба сару либоси нолозим ҳаёти нав медиҳад

Барои коллексияи “Тирамоҳӣ/зимистонаи 2020”, ороишгари либоси мардона Прия Ахлувалия, ки зинаи бакалаври худро дар UCA Epsom гирифта, дараҷаи магистратураро дар Westminster хатм кардааст, ба соли 1965 диққати махсус зоҳир намудааст. “Модари ман ҳиндӣ, падарам нигериягӣ аст ва падарандарам бошад, аз Ямайка; Ман орзу мекардам, ки соли 1965 ба он кишварҳое, ки ба ман тааллуқ доранд, назар афканам”, — гуфт ӯ. Ҳангоми сафари худ ба Панипат ва кор кардан дар муди баланди кӯчагии шаҳри Париж, Ахлувалия «миқдори зиёди либосҳоеро, ки мо рад мекунем» пай бурд ва тасмим гирифт, ки либосҳои нолозим, матоъҳои истифоданашуда ва либосҳои тамғаи брендиро асоси кори худ гирад. Вай аз замони таъсиси бренди либоси шахсии худ дар соли 2017 ин усулро истифода кардааст. Прия чунин мешуморад, ки «ҳар соҳа бояд  диққати бештарро ҷалб намояд». «Ман ороишгар мешавам, аммо инро ба таври беҳтарин иҷро мекунам».

Лео Карлтон

Кӯлоҳҳои замонавиро барои занон эҷод мекунад

Дар ниҳоят, касе кӯлоҳҳои маъмул бо Аскот ва ба тӯйҳо алоқамандро ба асри 21 баргардонид. Лео Карлтон дар Оксфордшир ба воя расидааст ва дар айни замон ӯ барои офаридани кӯлоҳҳо биоматоъҳои растанигиро парвариш мекунад, ки баъдан онро бо ёрии воқеияти виртуалӣ ва барномаи 3D чоп мекунад. «Падари ман деҳқон аст. Агар шумо сари вақт ҷавро гиред, коркард кунед ва дуруст рангубор кунед, он ба пари воқеӣ монанд мешавад”, — мегӯяд Лео. Карлтон офаридани муд, ҷузвдонҳо ва ороишотҳоро дар Коллеҷи Муди Лондон омӯхтааст ва аз он замон бо кулоҳҳои футуристӣ, вале нозук, ки аз растанӣ омода мешаванд, кор мекунад. Ин дар шароити бӯҳрон нишондиҳандаи он мебошад, ки табиат одатан кӯмакҳои худро дорад.

Мэтю Нидэм

Либосҳои кӯҳнаро ба тарҳҳои нав иваз мекунад

Мэтю Нидэм кори худро тавсиф намуда, мегӯяд, ки «чизеро ифода мекунам, ки дар заминаи муд ҳеҷ маъно надорад». Барои сохтани коллексияи Central Saint Martins бо номи Øyeblikk (“ дар як лаҳза”) Нидэм ба Норвегия баргашт, ки дар он ҷо соли 2015 як муддат зиндагӣ карда буд. «Ҳар як костюм, як қисми он саргузашт мебошад», — мегӯяд ӯ. Барои офаридани либосҳо, Нидэм матоъҳои органикии трикотажӣ, ҷомадонҳои кӯҳна ва «матоъҳои зебоеро, ки Александр Маккуин тӯҳфа карда буд», истифода бурд. Якҷоя бо Хелен Киркум, ӯ се ҷуфт пошнаи аз ҷониби Сара Моуэр, аз нашрияи амрикоии Vogue хайрияшударо офарид. Ҳамзамон, ашкҳои Нидэм, ки ӯ гиря карда, пеш аз намоиши онҳоро ҷамъ оварда буд, хатмкунандаи RCA Элис Поттс ба кристалл табдил дод, ки як лаҳзаи хотиравӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле ки кори Нидэм ҳанӯз ба фурӯш нарасидааст, ӯ имсол донишгоҳро хатм мекунад ва дар ин муддат аллакай диққати зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамин тавр, дар соли 2019, коллексияи ӯ дар намоишгоҳи V&A Tim Walker: Wonderful Things Thonderful Things гузошта шуд ва онро Эмма Уотсон дар тақвими охирини Pirelli ба бар кардааст.

Хелен Киркум

Кедиҳои ғайриоддӣ меофарад

Хелен Киркум маҳорат ва техникаи анъанавии ҳунармандии таърихии кроссовкаи box-fresh-ро ба олами касбҳои тоза ворид кард. Вай фикрронии муосир дорад, аммо корҳои ӯ ҳеҷ навоварӣ нест. Киркум бо мағозаи хайриявии Traid ҳамкорӣ дорад ва дар он ҷо ӯ кедиҳои ғайриоддӣ, ки аз матоъҳои порашуда барои тайёр намудани кроссовкаҳои фармоишӣ, омода мешаванд, меофарад (аз ин рӯ онҳо дар фурӯш гузошта нашудааст). «Ҳадафи ман барқарор кардани зебоӣ дар он чизест, ки он бефоида ҳисобида шавад», — мегӯяд ӯ. Дар намоиши муди пойафзол дар RCA, ки дар он ҷо пеш аз ҳамроҳ шудан ба Adidas таҳсил кардааст, Киркум шитобкорона, вале муфассалтар эстетикиро таҳия намуд. «Ман дар канори доираҳои гуногун кор мекунам», — мегӯяд Хелен. «Корҳои маро ҳам нафарони чолок ва ҳам дӯстдорони санъат харидорӣ намудаанд. Ман доимо дар андеша ҳастам, ки харидори навбатии ман мешавад”.

Фиби Инглиш

Системаи мудро вайрон мекунад

Пас аз барқарор намудани иқлими бӯҳрони тиҷоратии худ, Фиби Инглиш аз истифодаи 20% матоъҳои такрорӣ, танҳо дар се мавсим тавонист, натиҷаи худро ба 70% расонад.  «Ман қудрати тағйиротро бо ҷиҳати мусбат мебинам», — мегӯяд ӯ. Инчунин Инглиш як гурӯҳро, ки WhatsApp Fashion on Earth номгузорӣ шудааст, асос гузоштааст. Ин платформаи мубодилаи иттилоот барои мутахассисони муд боварӣ ҳосил мекунонад, ки “мо бояд дар ҳолати фавқулодда якҷоя бошем”. Вай андеша дорад, ки чӣ гуна мӯҳлати истифодаи маҳсулоти офаридаи худро зиёд кунад, зеро «лоиҳасозӣ ин роҳи ҳалли асосии мушкилот аст». Вай ба наздикӣ хатти маҳдуди либосро аз дастурамал, ки одатан дар дохили либос гузошта мешавад, роҳандозӣ кард. «Тавсифи муфассали матоъ, ки мо онро одатан мепартоем».  Либоси пӯшидаи ӯ, аксар вақт барои пайравӣ ба идеяи мазкур водор месозад, ки мо чун соҳибон, ҳамчун соҳа, ба «аз ҳад зиёд одат кардаем».

Бетани Уилямс

Либосҳое месозад, ки ба ҷомеа кӯмак мекунанд

Тарҳи либосҳои Бетани Уилямс намунаи олии он аст, ки чӣ гуна бренди муд метавонад таъсири мусбат расонад. Ҳар мавсим, ӯ бо ширкатҳои хайриявии гуногун ҳамкорӣ мекунад, ки барои онҳо 20%-и даромади худро хайр мекунад. Уилямс дар ҷазираи Мэн дар иҳотаи саноати маҳаллӣ ва «рӯҳияи қавии коллективӣ»-и онҳо ба воя расидааст. Ин зимистон вай бо хайрияи Magpie кор кард, ки ба модарони муҳоҷире, ки дар шароити бади манзил зиндагӣ мекунанд, кӯмак мерасонад. Уилямс ба воситаи ин либосҳо саргузашти ин одамонро ба воқеият мубаддал медиҳад; вай аз хаймаҳои даврашакли кӯҳна, либосҳои нолозим аз матои пахтагӣ ва матои трикотажӣ меофарад, ки аз рӯи ин лоиҳа бо ӯ дастаи бофандагии Wool and the Gang фаъолият мекунад.

The Guardian, Ҷеки Харлинг

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Сомон Комилов