ЗАНҶАБИЛИ СУРХ, НОХУНИ ХИРС ВА СӮЗАНАК: ЯРОҚ ДАР ҲАМА ДАВРУ ЗАМОН


Мову шумо дар як давраи ғайриоддӣ зиндагӣ мекунем. Зуд-зуд телефонҳои нав бароварда мешаванд, ки сифати камераи онҳо босуръат меафзояд, мошинҳои аз офтоб нургир дар кӯчаҳо ҳаракат мекунанд ва дастро чизе, ки дар миёни соат ва смартфон қарор дорад, ороиш медиҳад. Ҳоло ҳар як миллиардери боистеъдод метавонад ракетаро ба кайҳон равон созад ва фарзандашро ба ифтихори ҳавопаймо номгузорӣ кунад (беҳтар мебуд, ки баръакс мешуд). Аммо дар ин асри 21 чизе ҳаст, ки Бибишро аз гум кардани ақл бозмедорад — ин ҳамбастагии наздики технологияҳои навтарин ва анъанаҳои бисёрсолаи қадимист.

Дар ҳама фарҳангҳо эътиқод ба рӯҳҳои бад ва чашм расидан мавҷуд аст. Фарҳанди тоҷикӣ низ истисно нест. Барои муҳофизати худ, бобоҳои мо «тӯморҳо»-ро сохтанд. Онҳо аз чӯбчаи сеҳрноки Гарри Потер дида қавитар мебошад.

Муборизаи абадии миёни некӣ ва бадӣ аз лаҳзаи таваллуди инсон сар мешавад. Офаридаҳои аз ҳама осебпазир ин кӯдакон мебошанд. Барномаи ҳифзи кӯдакон аз лаҳзаи ӯро дар гаҳвора гузоштан таъсири худро оғоз мекунад. Дар ин рӯзи муҳим барои тамоми оила, ки “Гаҳворабандон” ном дорад, ҳамааш аз сӯзонидан сар мешавад.

*Ин оташи бутпарастони тасаввур кардаи шумо нест=)

Фарзанди калони оила пораи пахтаро гирифта, ба дасти гаҳвора гузошта, онро оташ медиҳад. Сипас ба дасти чапи кӯдак муҳраи чашмӣ — дастпонаи махсус аз чашми бадро мебанданд. Дар омади гап, бо ин муҳраҳо метавонед дастаи гавҳораро низ оро диҳед. Ин ба манфиати бештар хоҳад буд.

*Чунин ақида мавҷуд аст, ки энергияи манфӣ дар шадда ҷамъ шуда, дар натиҷа тарқишҳо пайдо мешаванд. Тавре ки шумо аллакай фаҳмидед, дар як лаҳза онҳо пора мешаванд.

Вақте ки ман хурд будам, дар болои ҷои хобам занҷабили сурх, пиёз ва сирпиёз овезон буд. Дар поёни пой ва ё дар зери кӯрпачаи кӯдак нохуни хирс ё дандони гург гузошта мешуд. Дар баъзе оилаҳо ин одат то ба имрӯз тағйир дода нашудааст.

Шояд, шумо пурсед, ба онҳое, ки ҷойгаҳи кудаки худро ба осорхонаи боқимондаҳо ва дукони хушбуйкунандаҳо табдил доданд намехоҳад, чӣ кор кардан лозим аст?  Бибиш бо шумо як усули хубро барои эҳтиёт кардани фарзанди худ аз чашм расидан нақл мекунад. Ба тифли худ ягон либосашро чапана пӯшонед (масалан тагпушро) ё ин ки сӯзанак ба шим ё куртаи он гузаронда монед. Ин усули санҷидашуда мебошад.

Сӯзанак ва либоси таҳпӯш, ки чапана пӯшонида шудааст, калонсолонро ҳифз мекунанд. Аммо боз як роҳи дигари универсалӣ аз чашм кардан эмин доштан- ин тумор аст, ки арои ҳифзи кӯдакон ҳам истифода бурдан мумкин аст.

*Тӯмор – ҳифзкунандае аст, ки шакли секунҷа дорад ва дар дохилаш коғази сура навишташуда дӯхта мешавад.

Онро мумкин аст, ки ба гардан овехт, ба даст баст, дар хона пинҳон кард ва ё ба дарахт овезон карад- ҳамааш аз таъиноти тӯмор вобастагӣ дорад..

Ба онҳое, ки хобҳои даҳшатнок мебинанд, аксар вақт дард доранд ва аз нокомӣ ранҷ мебаранд, тӯмор ёрирасон мебошад. Як навъ ҳифзкунанда барои ҳама ҳолатҳои ҳаёт.

Албатта, тӯморҳо дар ҳаёти мо нақши бузург доранд ва мавҷудияти онҳоро набояд сарфи назар кард. Аммо боз як қувваи дигаре ҳаст, ки ягон рӯҳи бад онро мағлуб карда наметавонад. Ин муҳаббати волидайн аст. Муҳим нест, ки шумо 8 моҳа ё 40-сола ҳастед — оғӯш, имон ва дуои падару модар, ки ҳамеша ба фарзандонашон мебахшанд, шуморо дар тамоми ҳаёт ҳифз хоҳанд кард.

Хуб, маро ҳам фаромӯш накунед. Дар дили Бибиш ҷойгоҳе барои ҳар яки шумо мавҷуд аст!


Мухайё Баротова