МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР БОРАИ ШИРМАКОНӢ МЕПУРСАНД: ҶАВОБИ МУТАХАССИС


Кӯдаки навзодро чӣ ғизо додан лозим аст? Ҳар вақт ба мо ҷавобҳои худро пешниҳод мекард. Ваҳм барои ширдиҳӣ, хӯрокҳои кӯдакона ва ҳама навъҳои пюре гузаштанд ва мо ба аввал баргаштем. Пас аз таҳқиқотҳои зиёд, олимон исбот карданд, ки ғизои беҳтарин барои кӯдак ин шири модар мебошад. Беҳуда нест, ки мегӯянд: «Табиат ҳама чизро нигоҳубин мекунад». Маҳз дар шири модар тамоми маводи ғизоӣ ва витаминҳои барои кӯдак зарурӣ мавҷуд аст.

Мо саволҳои ҷолибтаринро аз модарони ҷавон дар Тоҷикистонро дар бораи ширмаконӣ ҷамъ овардем, ки барои ҷавобро дастрас намудан, ба мутахассис — машваратчии Ассотсиатсияи мушовирони ғизодиҳии табиӣ Елена Летова муроҷиат кардем.

Роҳи беҳтарини ғизодиҳии кӯдак кадом аст? Бо соат ё хоҳиши худи кӯдак?

Дар ин масъала, мо ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ такя хоҳем кард. Ин вазорат тавсия медиҳад, ки ғизодиҳии кӯдакон бо талабот таъмин карда шавад. Чаро? Биё дар бораи ин фикр мекунем. Кӯдаки нав таваллудшуда, дар муддати 9 моҳ дар батни модар зиндагӣ мекард ва ӯ дар ҳар вақти дилхоҳ мунтазам ғизо мегирифт. Бо ҳамон реҷа, яъне бо талабот таъом хӯрдан, ӯ таваллуд мешавад. Ба ҳисоби миёна, ба кӯдакони навзод то ду моҳа бояд дар як соат як маротиба шир диҳанд. Вазорати тандурустӣ ҳамчунин ҳисоб кардааст, ки шумораи аз ҳама бештари ширмакии кӯдак дар як рӯз 46 маротибаро ташкил медиҳад: тақрибан 2 маротиба дар як соат. Аз ин набояд тарсид, зеро кӯдак то се моҳагӣ реҷаи муайянро ба худаш месозад ва баъдан аллакай дар тӯли 1,5-2 соат ғизодиҳӣ то 1 маротиба кам мешавад. Оҳиста-оҳиста, кӯдак дуруст шир макиданро меомӯзад, тамоми мушакҳои зарурии рӯйи он инкишоф меёбад, ки маҳз синаи модараш ба ин мусоидат мекунад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳад, ки то 6 моҳагӣ танҳо бо шири сина хӯронидани кӯдак зарур аст. Хӯрокҳои иловагии кӯдакона ё ин ки об маслиҳат дода намешавад. Мушоҳидаҳои ман нишон медиҳад, модароне, ки ин дастурҳоро иҷро мекунанд, эҳтимол дорад, ки лактатсия ва маститро камтар эҳсос кунанд.

Ширмаконӣ чи манфиат дорад?

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳад, ки ба кӯдакро ҳадди ақал то 2 сол ва ё бештар, агар модар ва кӯдак аз он хурсанд бошанд, ғизо диҳед. Тавассути шири сина, ба кӯдак иммунитет, ҷисмҳои бегона дода мешавад ва муҳимтар аз ҳама, кӯдаки навзоде, ки шири сина менӯшад, ба ҷаҳони атрофи мутобиқ шудани ӯ осонтар мешавад. Вақте ки кӯдак бо ягон чизи нав шинос мешавад, ӯ бояд эҳсосоти худро ба касе нишон диҳад. Азбаски вай ҳоло намефаҳмад, ки чӣ тавр ин корро дуруст кардан лозим аст, ӯ ба сина такя мекунад ва эҳтимол дорад, таассуроташро бо модараш нишон диҳад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки кӯдакро аз шири сина танҳо дар он ҳоле, ки агар модар бо сабаби вазъи саломатӣ, синамакониро дигар нигоҳ дошта натавонад, ҷудо кунанд. Дар ҳоли дигар, шумо бояд интизор шавед, ки кӯдак худаш ин корро кунад. Мутаассифона, дар Душанбе, аксарияти модарон синамаккониро дар синни 1,5-солагӣ қатъ мекунанд ва мувофиқи ҳисобҳои ман, танҳо 5 модар аз 70-сола пас аз 2-солагӣ низ ширмакониро идома медиҳанд. Вазорати тандурустии умумиҷаҳонӣ, дар навбати худ, шумораи ҳисоботҳорро эълон кард, ки ба ҳисоби миёна модарон дар саросари ҷаҳон кӯдакони аз синни 4,5 сола поёнро аз ширманӣ дур мекунанд.

Шир кам аст. Чаро?

Занҳое, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, аллакай ба хатогии ғизодиҳии талаботӣ роҳ додаанд. Ғадудҳои ширхорӣ миқдори зарурии ширро бе машқу ҳаракати мушакҳои сина, ҷудо намекунад. Волидони ҷавон кӯдакро бо об ё омехта иловагӣ сер мекунанд, ки вазорати тандурустӣ ба таври қатъӣ ин амалро тавсия намедиҳад. Хотиррасон менамоям, ки 87%-и ширро об ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, хавотир нашавед, зеро кӯдак моеъи кофӣ мегирад. Илова бар ин, хӯрокҳое, ки тавассути шиша дода мешавад, мусибатҳои зиёд дорад: аввал, мушакҳои чеҳраи кӯдак ба миқдоре, ки аз ширмаконӣ фаъол мешавад, на он қадар рушд меёбад.

Боз яке аз сабабҳои дигар ҳолати равонии модар, ин стресс аст. Дар ин ҳолат, ҳормони адреналин истеҳсол мешавад, ки аз фаъолият и ҳормоне, ки барои истеҳсоли шир (пролактин) масъул аст, қатъ менамояд. Барои оғози ширдиҳӣ бояд пеш аз ҳама намуди маккакҳо (соска) ва шишаҳо даст кашед, ба ҷои ин бештар бо сина шир диҳед хубтар аст.

Дар ҳоле ки модар бемор аст ва ба антибиотикҳо ё дигар доруҳо ниёз дорад, чӣ бояд кард?

Ҳар гуна табобат барои модари ҷавон ҳатман зери назорати қатъии мутахассис бояд сурат гирад. Доруҳое, ки аз ҷониби духтур таъин мешаванд, антибиотикҳо ва ё доруҳои зидди вирус, барои мутобиқат бо ширмаконӣ тафтиш карда шавад: доруҳое ҳастанд, ки ба кӯдак зарар расонида метавонанд. Агар модар дар бораи мутобиқати доруҳои таъинкардаи духтур боварӣ надошта бошад, ман ба маслиҳат медиҳам, ки аз сомонаи оммавии https://www.e-lactation.com/ истифода баранд. Он ҷо шумо метавонед системаи ҷустуҷӯиро истифода баред, номи дорувориро ворид кунед ва сомона ба шумо дар бораи мутобиқати доруро ҳангоми ширмаконӣ маълумот медиҳад. Ҳамаи маълумотҳо якчанд маротиба тадқиқот шудаанд, аз ин рӯ модарони ҷавон бо боварии комил аз он истифода баранд.

Ақидае ҳаст, ки комилан ҳар як зан сина маконидан метавонанд, вале баъзеҳо намехоҳанд. Оё  ин чунин аст?

Биёед аз он оғоз кунем, ки 97-98%-и модарон метавонанд сина маконанд. Агар дар давраи ҳомиладорӣ сина ҳадди ақал 1-2 см зиёд шуда бошад, ин аллакай маънои онро дорад, ки модар худаш қодир аст ба кӯдак шир диҳад. Душвориҳоро занҳое метавонанд аз сар гузаронанд, ки ҷарроҳии пластикии синаро гузаронидаанд. Аз ин рӯ, ман мехоҳам ба модароне, ки дар оянда хоҳиши сина додан ба кӯдакони худро доранд, маслиҳат медиҳам, то ҷарроҳии пластикӣ барои кам ё зиёд кардани сина даст кашанд. Ман ҳамчунин қайд мекунам, ки шири сина додан ё истифодаи хӯрокҳои иловагӣ интихоби худи ҳар як модар аст. Дар ин масъала, шумо набояд ҳамсояҳо, дугонаҳо ва ё ҳамкори худатонро гӯш кунед. Шумо бояд барои худ қарор диҳед, ки оё шумо инро мехоҳед ё не.

Маслиҳати асосӣ он аст, ки барои ба даст овардани маълумоти зарурӣ, ҳатто ночизтарин, бояд ба мутахассисон муроҷиат кунанд. Онҳо барои пешгирии мушкилоти гуногуни саломатӣ барои шумо ва кӯдаки шумо кӯмак хоҳанд кард.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Василина Самойленко