ОББОЗӢ БО ҲАЛОВАТ: ДАСТУР БАРОИ ПАДАРУ МОДАРОН


Оббозӣ ин як қисми ҳатмии ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Ба кӯдакон бояд қоидаҳои гигиенаи шахсиро аз синни хурдӣ омӯх. Хушбахтона, асбобҳои гуногун бароварда шудааст, ки ҷараёни шустушӯи кӯдакро осонтар мекунад. Масалан, дар ҳама гуна мағозаи кӯдакона шумо метавонед ҳароратсанҷро барои чен кардани ҳарорати об ва алвонҷ барои оббозии хурдсолон пайдо кунед. Агар кӯдак дар назди ҳаммом ҳатто истодан нахоҳад ва шустани мӯйи он бошад, ҳам барои шумо ва ҳам барои кӯдак як корӣ душвор мешавад. Пас чӣ бояд кард?

Аввалан, биёед фикр кунем, ки чаро кӯдак оббозиро дӯст намедорад.

Аксар вақт худи волидон айбдор ҳастанд. Мо обро тайёр карда, бо услуби кӯҳна дасти худро ба он меандозем. Ҳарорати он мӯътадил ба назар мерасад ва ҳангоме, ки кӯдакро ба тағора мешинонем, мебинем, ки ӯ худро бениҳоят нороҳат ҳис мекунад. Дар ин ҳолат, шумо бояд ҳароратсанҷ бихаред ва барои худ қайд кунед, ки ҳарорати оптималии оби ҳаммом барои кӯдаки майда, ин  33-34 дараҷа мебошад. Дар ин ҳолат, фаромӯш накунед, ки ҳароратро обро тез-тез санҷида истодан лозим ва вақте он хунук шудан мегирад, каме оби гарм илова кардан даркор мешавад.

Масъалаи дигари ошкоро тарси об аст. Ба назари мо метобад, ки тағора барои кӯдак хурд аст, вале барои кӯдак онҷо хеле васеъ мебошад. Шояд ӯ аз моеъи ба чашмҳо ва гӯшҳояш мерасида метарсад ва ё лағжида меафтад. Дар ин ҳолат, беҳтар аст, ки қолинчаи махсуси резинӣ харед, ки ба замини ҳаммом мечаспад. Барои муҳофизат кардани чашм ва гӯшҳо, резинакҳо харед. Агар кӯдак аллакай хоҳишҳои шуморо фаҳмад, тавсия медиҳем, ки ҳангоми шустани мӯй, рӯяшро бо рӯймоли хурд пӯшонед. Дар ин ҳол, ӯ мефаҳмад, ки чашмонаш ҳифз шудаанд.

Инчунин кӯшиш кунед, ки дар тағора оби бисёр нагиред. Аз се як қисми онро бо об пур намоед. Шумо ҳатто метавонед, ки бозӣ ташкил кунед. Барои шавқовар шудани оббозӣ бозичаҳо ба монанди сатилчаҳои ранга, мурғобича ва ё обшор харед. Баъд аз дидани ин бозичаҳо, кӯдак мефаҳмад, ки набояд аз об тарсад ва бо об бозӣ кардан мумкин аст. Дар ҳоле, ки кӯдак бо сатил ва обшор бозӣ мекунад ва мурғобиҳоро зери об нигоҳ доштан мехоҳад, шумо аллакай ӯро оббозӣ дароварда мешавед.

Вақте ба мағоза меравед, ба кӯдакони калонсол имкон диҳед, ки худашон шампун ва собунро интихоб кунанд. Ҳамин тавр, кӯдак мехоҳад, ки тезтар маҳсулотҳои навро истифода барад.

Муҳимтарин чизе, ки бояд дар хотир дошт, ин аст, ки шумо набояд кӯдакро бо ҷангу ҷанҷол ва таҳдидҳо, ба мисли оббози накунӣ “аҷуза ё полис кӯдакони чиркакро гирифта мебарад” гуфтан хато аст. Ба ҷои ин, кӯшиш кунед, ки кӯдакро ҳавасманд кунед. Масалан, баъди оббозӣ, филмҳои тасвирии ҷолиб тамошои кардан мумкин аст. Филми тасвиреро интихоб кунед, ки дар бораи гигиена нақл мекунад: тасвири пешинаи хуб ин «Мойдодыр» ё саҳнае аз «Смешарики» «Пин-код. Мыльная опера на все времена” мебошад. Ва пас аз тамошои чунин филми тасвирӣ, ҳатман бигӯед: «Бубин, ки ту чи хел тозаҳак ҳастӣ.»

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Василина Самойленко