ҲИКМАТИ АСРҲО БО 9.99$


Чӣ метавонад боиси хушҳолии шахсе гардад, ки як рӯз бидуни китоб дар даст зиндагӣ карда наметавонад? Дуруст аст: китобхонаи онлайн бо миллионҳо китобҳои электронӣ, китобҳои аудиоӣ, мақолаҳо аз маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои пешрафта ва ҳатто комиксҳо! Аз ин беҳтар, вақте ки якчанд чунин китобхонаҳо мавҷуд бошанд.

Мо ба шумо қисми дуюми интихоби хидматрасониҳои китобхонаҳои онлайнро пешниҳод менамоем. Дар ин мақола шумо обунашавии пулакӣ, аммо хеле фоиданок интизор аст.

TBR — хидматрасониест, ки ба хонанда тавсияҳои инфиродӣ пешкаш мекунад, ки бо воситаи он ба 130 миллион китоб дастрасӣ пайдо кардан имконпазир мегардад. Ҳангоми сабти ном, нишон додани афзалиятҳои адабӣ ва муайян кардани сатҳи корбариро фаромӯш накунед: зеро онҳо ҳам аз ҷиҳати арзиш ва ҳам аз ҷиҳати функсиналиашон фарқ мекунанд.

Якум ба шумо имкон медиҳад, ки бо дархости худ, маҷмӯи китобҳоро ба почтаи электронӣ дастрас намоед. Арзиши ин баста дар се моҳ 15 доллар ва дар як сол бошад, 50 доллар мебошад.

Дуюмаш бошад, ба хонаи шумо расонидани се асари тавсияшавандаро кафолат медиҳад.

Обунаи солона — 300 доллар (дастрасии ройгон).

Рӯйхат бо китобҳои пешниҳодшударо хонандагон дар давоми ду ҳафта пас аз ба қайд гирифтан, метавонанд гиранд ва нусхаҳои коғазии он, дар се-чор ҳафта дастрасӣ намоянд.

* Дастрасӣ танҳо дар дохили ИМА роҳандозӣ карда мешавад.

 Kindle Unlimited — китобхонаи онлайни белимит аз Amazon Kindle, ки беш аз як миллион китоб ва ҳазорҳо китобҳои аудиоиро доро мебошад.

Шумо метавонед асарҳои адабиро дар дилхоҳ дастгоҳ хонед, вале қабл аз он, замимаи мувофиқро насб кардан лозим аст: барои Android, барои iPhone, барои компютер.

Дар сомона рӯйхати тавсияҳо мавҷуданд, ки аз он сарфи назар кардан душвор аст. 9,99 дар як моҳ пардохт намуда, аз тамоми хушиҳои он баҳра баред!

* Як хабари хуш: 30 рӯзи аввал ройгон аст.

Scribd — як платформаи рақамие мебошад, ки пойгоҳи миллион маълумотҳоро доро мебошад. Анбори китоб бо интихоби бестселлерҳо ва мақолаҳо аз рӯзномаҳою маҷаллаҳои аврупоӣ ва амрикоӣ машҳур аст.

Дар замима (барои Android, барои iPhone) шумо метавонед китобхонаи шахсӣ кушоед. Ва инчунин асарҳои худро нашр карда, дастхатҳоро рақамӣ кунед.

Обунашавӣ бо нархи 9.99 доллар дар як моҳ ва тавсияҳои шахсии муҳаррирони сомона, шуморо дар почта интизор хоҳанд шуд!

Bookmate — яке аз феҳристҳои пешбари китобхонаҳои Русия мебошад, ки адабиётҳояш бо забонҳои русӣ, англисӣ, испанӣ, туркӣ, шведӣ ва ғайраро дар бар мегирад. То имрӯз китобхона дорои 1.800.000 асар мебошад. Як моҳ барои истифодаи китобҳои аудиоӣ 3,33 доллар, китобҳои электронӣ 3,32 доллар ва обунаи мукофотӣ бо дастрасӣ ба тамоми манбаъ 4,99 доллар арзиш дорад.

*Давраи ройгон 7 рӯз.

ComiXology — китобхонаи онлайн аст, ки онро дӯстдорони комикс хеле қадрдонӣ мекунанд. ComiXology ба ширкати Amazon тааллуқ дорад; маводро барои ин хидматрасонӣ 125 нашрия ва ҳазорон муаллифони мустақил аз саросари ҷаҳон пешниҳод карда мешавад. Дар айни замон, манбаъҳои сомона тақрибан 100,000 асарро дар бар мегиранд. Технологияи эксклюзивии Guided View ба шумо имкон медиҳад, ки саргузаштҳои дӯстдоштаатонро бо услуби синамоӣ ва кинематографӣ хонед. Агар нахоҳед, ки аз шумораи нави китобҳои писандидаатон бехабар монед, пас ба бахши он обуна шавед. Арзиши обунашавӣ аз бастаи интихоб мекардаи шумо вобастагӣ дорад.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Сомон Комилов