ЧАГАЛДАК БАРОИ РӮҲ, МЕЪДА ВА ХУШДОМАНИ ХУШБАХТ


Бӯи форам. Хеле шинос. Чашмҳо беихтиёр пӯшида мешаванд. Ошхонаи бибӣ аз ҷое пайдо мешавад. Табақ ангуштони кӯдакаро месӯзонад. Оё инҳо дар ҳақиқат ҳамон гирдакҳо бо кабудӣ мебошанд, ки моро дар кӯдакӣ бо онҳо хурсанд мекарданд? Бӯи сӯхтагӣ ба машом расид. Акс аз ин бӯй пош хурд. Келин ба чагалдак аҳмият надод.

Сафари хушдоман ба гузаштаро қатъ кардан хуб нест, бинобар ин ҳар чизе, ки ман мегӯям, дар хотир нигоҳ дор.

Ба “дӯстдорони” хамир бо хурсандӣ мерасонам- мо хамир тайёр мекунем!

Ба лаган каме зиёдтар аз як истакон шири гарм, ним истакон об, 1 қошуқчаи хурд намак, шакар, хамиртуруш ва 1-2 қошуқи калон равғани гудохташуда илова мекунем. Хамирро бо чангак хуб омехта карда, ба он кам-кам орд илова мекунем (2-3 истакон кофист). Хамир бояд ба каймак шабоҳат дошта бошад. Лаганро бо дастархон пӯшонида дар ҷои гарм монед, то ин ки хамир дам гирад. Вақте ки хамир расид, кабудиҳои куфташударо (пиёз, кашниҷ, шибит) ва қаламфури тезро мувофиқи табъ илова кунед. Бо паприка (занҷабили кӯфташуда) озмоиш кардан мумкин аст. Ҳама чизро хуб омехта кунед. Хамирро ба шакли гирдачаҳо оварда, онҳоро дар равғани тафсон ва ё дар фритюр то ранги тиллоӣ гирифтан бирён кунед. Пас аз пухта шудан, онҳоро бояд дар сачоқчаи коғазӣ гузоред, то равғанҳои зиёдатӣ гирифта шавад.

Ин намуна барои кадбонуҳои шаҳрӣ буд.

Агар шумо хоҳед, ки ба гузаштаи ниёгони худ наздиктар бошед, дастурамалро аз кӯдакии Бибишро дар хотир нигоҳ доред.

Дег ғуборолудро аз аз анбор бароварда, онро ба шакли одамӣ дароварда, ба пухтан шурӯъ мекунем.

Порае аз думбае, ки ба андозаи ними панҷаи даст аст, майда-майда реза карда, дар оташи паст, доимо омехта намуда, бирён мекунем. Ин тавр, он зудтар гудохта хоҳад шуд. Бӯйҳое, ки тамоми хонаро фаро мегиранд, барои омода кардани гирдакҳои хушбӯю дар даҳон обшаванда арзанда мебошанд. Ҳамин ки қиёми мо омода шуд, онро ба хамир илова мекунем.

*Эзоҳ аз Бибиш: думбаи обкардашуда — ин ивазкунандаи равған мебошад.

*Эзоҳ аз муҳаррир: истеъмоли думба барои беморони фишорашон баланд маслиҳат дода намешавад.

Духтаракони меҳнатии ман, имрӯз шумо боз ҳам пурҳунартар шудед. Кӣ медонад, шояд маҳз чагалдак ҳамон як мошини вақт барои фарзандони шумо мешавад, ки онҳоро ба ҷаҳони ҳамешасабз — ба кӯдакиашон, ки доимо хуб аст, бармегардонад.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Мухайё Баротова