ОМОДАГӢ БА ТИРАМОҲ – ОРГАНИЗМИ КӮДАКОНРО БО ВИТАМИНҲО БОЙ МЕГАРДОНЕМ


Шумо ба чи бартарӣ медиҳед: Ба сайругашт бо кӯдаки худ дар фази тирамоҳӣ бо баргҳои афтода ё ба табобати фарзанди худ дар хона? Барои лаззат бурдан аз фасли заррин ва тобон, ба шумо маслиҳат медиҳем, ки ҳарчи зудтар ба мустаҳкам кардани масунияти худ ва кӯдакатон шурӯъ кунед.

Дар ин мақола мо ба саволҳои асосӣ дар бораи ғизоҳои муҳим ҷавоб медиҳем. Мутахассиси мавод Раҳимова Сайрам Аҳмадовна, мудири шӯъбаи педиатрияи беморхонаи ҳарбии 451-уми Федератсияи Россия, педиатрии маркази тиббии “Модари хушбахт” ба ҳисоб меравад.

Оё витамини D, ки кӯдакон онро дар фасли тобистон гирифтаанд, кифоя аст магар?

Албатта ки не. Витамини D новобаста аз мавсим ба ҳама лозим аст. Онро шабонарӯзӣ бо миқдори кофӣ таҳти назорати духтур гузаронидан лозим аст. Вале аз ҳад нагузаронед!

Ва барои онҳое, ки витамини истеҳсоли «офтоб» -и пӯстро кофӣ меҳисобанд, суханоне, ки дар консенсусии Глобалӣ оид ба пешгирӣ ва табобати рахит бо тариқи хӯрокворӣ навишта шудааст, мисол меорем: “Меъёри муайян ва бехатари нурҳои ултрабунафш ва витамини Д вуҷуд надорад, ки хавфи саратони пӯст зиёд нагардонад”.

Кадом микроэлементҳои муфид барои организми кӯдак заруранд?

Азбаски Тоҷикистон минтақаи норасоии йод мебошад, ба модарони ширмакон маслиҳат медиҳам, ки намаки йоднокро дар рӯйхати хӯрокҳои худ дохил намоянд. Ин микроэлемент барои пешгирии бемориҳои марбут ба норасоии йод муҳим аст. Шумо норасоии микроэлементҳои муфидро ҳам дар худ ва ҳам дар кӯдакатон ҷуброн хоҳед кард.

Оё истеъмоли витаминҳо ба мустаҳкамии масунияти кӯдак таъсир мерасонад?

Он аҳмияти хеле ночиз дорад. Ин афсона кайҳо дар тибби далелнок карда шудааст. Беҳтарин коре, ки барои пешгирии бемориҳо дар фасли тирамоҳу зимистон бояд кард — ин дуруст истеъмол намудани хӯрокҳои хубу солим ҳам барои худатон ва ҳам барои кӯдакон муҳим аст.

Оё ғизои маъмулӣ маҷмӯи витаминҳоро иваз карда метавонад?

Албатта! Организми мо мустақилона гурӯҳҳои муайяни витаминҳоро синтез мекунад, боқимондаи онҳоро мо аз хӯрок мегирем. Кӯдаке, ки хӯрокҳои дуруст ба мисли сабзавот, меваҳо, гӯшт, моҳӣ истеъмол мекунанд, ба ҳеҷ гуна маҷмӯи витаминҳо ниёз надоранд. Вазорати тандурустии байналмиллалӣ, ба ин масъала мавқеи худро чунин баён мекунад. Вале дар ҳама ҷо истисно мавҷуд аст. Дар ҳоли патологӣ (бемориҳои аз сар гузаронда, табобат бо доруҳои химиотерапия, мумкилот бо ҳал кардани хӯрок, парҳези қатъии маҳдудкунанда), вақте ки хӯрдани хӯроки пурра душвор аст, аз ҷониби духтур маҷмӯи витаминҳои минералӣ таъин карда мешавад. Дорухатро маҳз бояд табиб нависад, на ин ки дорусоз, на мустақилона аз ҷониби волидон, балки аз ҷониби мутахассиси баландихтисос, пас аз муоинаи мукаммал ва гузаронидани санҷишҳои зарурӣ.

Ғизои солим — калиди масунияти қавӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба реҷа ва хӯроки дӯстрӯяконатон диққат доданро фаромӯш накунед. Ба он аз ҷумла моҳӣ, гӯшт, сабзавот ва меваҳои тару тозаи мавсимиро ҳамроҳ намоед.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Василина Самойленко