ШАБАКАҲОИ МУФИДИ ТЕЛЕГРАМ: БА МАРКЕТИНГ ВОРИД МЕШАВЕМ


Шумо метавонед донишгоҳҳоро хатм накунед, — гуфта буданд онҳо. Шумо метавонед аз хонаатон набаромада рушд кунед ва пул кор кунед, — тасдиқ мекарданд онҳо. Вақте, ки Интернет пайдо шуд, онҳо гуфтанд, ки ту метавонӣ беҳтар шавӣ. Ҳама чиз метавонист чунин бошад, аммо Шабакаи ҷаҳониро ногаҳон гурбаҳо, аксҳои бепоён ва блогерҳое, аз рӯи ҷонҳои мурдаи пайравони ғамхори худ миллионҳо даромад ба даст меоранд, забт намуд. Истифодабарандагон дар ботлоқе бо номи «Маълумот» ғарқ шудаанд, аммо вазъи онҳо низ ҳалли худро дорад. Омӯхтан, кору фаъолият намудан ва рушд кардан имконпазир аст бо истифода танҳо аз пайёмрасон-Telegram.

Дар Boom, мо аз трендҳои мӯд ақиб намемонем. Аз ин рӯ, хонандагони азиз, як қатор шабакаҳои муфиди Telegram-ро дастрас намоед, ки огоҳиномаҳои онҳоро шумо бешубҳа хомӯш нахоҳед кард.

* Маркетинг – ин вазифаи ташкилотӣ ва маҷмӯи равандҳо барои эҷод, таблиғ ва пешниҳоди маҳсулот ё хидматрасонӣ ба муштариён ва идоракунии муносибатҳо бо онҳо ба манфиати ташкилот мебошад.

Чунин мегӯяд Википедия. Душвор ва дилгиркунанда аст, ҳамин тавр не? Аммо таҳқиқи ниёзҳои бозор метавонад шавқовар бошад. Номгӯи 5 шабакаҳои беҳтарин барои маркетологҳо ва инсони оддиро пешниҳод мекунем.

Шумо мехоҳед ё не-бояд аз китоб оғоз намуд. Заминаи хуби назариявӣ-ин калиди дарки кейсҳо, мақолаҳо ва сӯҳбатҳои амакҳо ва холаҳои пешрафта мебошад, ки дар доираҳои касбӣ шинохта шудаанд. @Что почитать? — ин китобхонаи муфид бо пайвандҳо ба адабиёти ройгон, дастурҳо ва таҳқиқоти ҷолиб аст. Муаллифи шабака, аз ҷумла, барои хонандаҳо озмунҳо ва курсҳо пайдо мекунад. Шарт нест, ки дар Гугл сайру гашт кард ва дар натиҷа гулдастаи вирусҳоро ба ҳар завқ пайдо намуд. Аз шумо танҳо як чиз талаб карда мешавад — хондан. Ва дар омади гап, обуна шуданро фаромӯш накунед.

 “Шабакаи муаллифии Саша Чижов дар бораи тарғиби тиҷорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зиндагии, Худо маро бубахш, эсэмэмшик мебошад. Ҳама мақолаҳо аз дарди кор дар 115+ лоиҳа”, — ин аст тавсифи @Канал ленивого SMMщика бо аудиторияи тақрибан шаст ҳазор нафар. Чашмон ба пешонӣ мерасанд аз дидани шумораи хонандаҳо ва ҳам аз таҷрибаи офарандаи ин гурӯҳ. Ҳатто агар шумо ба маркетинги шабакаҳои иҷтимоӣ шавқ надошта бошед ҳам, , бешубҳа шумо бе гирифтани дониши нав шабакаро тарк нахоҳед кард. Хизматҳои зарурӣ, асбобҳо, курсҳо, барномаи таълимӣ, матнҳои илҳомбахш, китобҳо, маслиҳатҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият, тарзи муоширати муаллиф ва чизҳои бештар барои мутахассисон — маҳз ҳамин чиз беҳтарин ёрдамчии SMMшикҳои танбал.

Чӣ бояд кард, агар сомонае, ки шумо кушодаед, ба сомонаҳои дӯстдоштатарини системаҳои ҷустуҷӯӣ дохил шуда наметавонад ва дар саҳифаҳои сеюм ё чорум ҷой дорад, ки на ҳар истифодабарада то ба он намерасад? Ба Телеграм ворид шуда, дар майдони ҷустуҷӯ «Академияи SEO» навишта, ба он обуна шавед ва омӯзишро оғоз кунед. Аз зиёдии дарсҳои омӯзишӣ ва курсҳо сари шумо тоб хоҳад хурд, ки ин маҳз чизест ба шумо лозим. Хонандагон ба муаллиф сипосгузорӣ мекунанд, ки ӯ ҳама чизро дар амал нишон медиҳад. Ҳамин тавр, яке аз академикҳо метавонад табассуми васеи бахтро бинад, вақте ки сомонаи ӯ барои таблиғ аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони SEO аз сифр интихоб мешавад. Дар тӯли 30 рӯз дар шабака, ҳисоботи муфассал оиди корҳои  анҷомдода нашр карда мешавад. Гап заданро ҳама метавонанд, аммо карданро…

Бо сухан касро куштан мумкин аст, бо сухан наҷот додан мумкин аст ва бо сухан пулро аз паси худ овард. Дар даврони пешрафта, нафароне, ки ба хондани китобҳои чорҷилдаи Лев Толстой омода нестанд, бояд бо ду ҷумлае, ки хосияти возеҳӣ ва серталаб доранду эҷодкорӣ дар он фаромӯш нашудааст, пешниҳод кардан лозим аст. Шумо метавонед инро дар шабакаи @Главред редактора мегапопулярного «Тинькофф-журнала»-и Максим Ильяхов омӯзед. Барои копирайтерҳо, муҳаррирон, эъҷодкорони мавод ва мутахассисони SMM — ин беҳтарин муҳити зист аст. Дар он ҷо шуморо ҳам подкастҳои видеоӣ, ҳам вебинарҳо, ҳам ҳикояҳои ҷолиб, ҳам рӯзномаҳо, қазияҳо, ҳам кор бо хатогиҳои дигарон ва албатта китобҳо интизоранд. Душвор, аммо фоидаовар.

Азбаски сухан дар бораи фоида рафт, биёед ба Telegram арҷгузорӣ намоем ва эътироф кунем, ки он на танҳо хизматгори вафодори истифодабарандагони худ мебошад. Шабакаи @Бизнес на YouTube ба шумо чӣ гуна пул кор кардан дар маъмултарин хидмати видеохостинги замонавиро меомӯзонад. Курсҳо, маводҳои тиҷоратӣ, шарҳи терминҳо — ҳама чиз барои пулкоркунӣ, оптимизатсия ва пешбарӣ. YouTube — ин навор гирифтан, танзим кардан, дар саҳифа гузоштан ва дарҳол бой шудан нест. Ин омӯзиш, ҳисобкунӣ ва ақидаи таҳлилист, агар албатта, шумо намехоҳед, ки дар сесад тамошо ва 27 бинанда наистед.

Интернет бад нест. Интернет василаест, ки танҳо дар дасти як устоди боистеъдод ба як воситаи муфид табдил хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки дар он ғайр аз мемҳо ва видео бо гурбаҳо чизи дигарро ҳам биҷӯед.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Мухайё Баротова