ҚАҲРАМОНОНИ ЗАМОНИ МО: PART 2


Дар кӯдакӣ мо мехоҳем ба ҳама ниёзмандон кӯмак кунем, дар наврасӣ  адолати умумиҷаҳониро орзу мекунем ва баъдан «ҳадафи тамоми ҳаёт барои мо — ин беҳтар сохтани ҷаҳон мешавад» дар набарди нобаробар бо секунҷаи оддии воқеият, мағлуб мешавад: омӯхтан, ба даст овардани даромад ва ба даст овардани даромади бештар.

Ҳазорҳо, ҳатто миллионҳо нафар чунин зиндагӣ мекунанд, ки орзуи соддалавҳонаи инсони хуб буданро дар гузаштаи дур тарк кардаанд. Аммо дар рӯи замин тақрибан 8 миллиард одам зиндагӣ мекунад. Ва дар миёни онҳо ҳастанд касоне, ки орзуҳояшонро дар хотир доранд.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи ғамхорӣ аз занҷораи саргузашти Натан, Шараф ва Хусравро нақл хоҳем кард.

Натан Мамедов

Ҳангоми татбиқи ғояҳои худ бо кадом мушкилотҳо дучор шудед?

Дар аввал, гурӯҳи «Можешь-Помоги» бо мақсади инъикоси мушкилоти иҷтимоии хусусӣ ва барои ёфтани роҳҳои ҳалли минбаъда тавассути фаъолиятҳои волонтёрӣ таъсис дода шудааст. Мақсади мо танҳо ба ҳайвоноти бехона кӯмак кардан нест, балки ба одамон низ дасти мадад дароз кардан мебошад.

Дар татбиқи фаъолиятам мушкилиҳои мушаххас ба назар нарасид. Ҳамаи одамоне, ки дар ин иқдом ширкат варзида буданд ва иштирок мекунанд, ташаббускор, ҳозирҷавоб мебошанд ва ба амалҳои хуб бетарафӣ зоҳир намекунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ёрии калон расониданд. Онҳо дар паҳн кардани иттилооти фаврӣ, ҳамтое надоранд. Мушкилии асосӣ — ин ёфтани оила барои ҳайвоноти думдор мебошад. Чӣ гуна ин корро беҳтар ва зудтар анҷом додан лозим аст, ман ҳанӯз дарк накардаам. Аммо ин муваққатан мебошад!

Баъдан чӣ мешавад?

Минбаъд — бештар. Вақтҳои охир бо назардошти баъзе ҳолатҳои на он қадар гуворо, кӯмак расонидан душвортар шудааст. Ҳам шумораи ҷамъовариҳо ва ҳам шумораи одамоне, ки ба иқдом меоянд, кам шудааст. Ҳоло ҳама чиз бо қувваи худ, хешовандон, шиносон ва дӯстон амалӣ гашта истодааст. Якчанд идеяҳо мавҷуданд, ки барои амалӣ кардани онҳо каме вақт, алоқа ва захираҳо лозиманд. Умедворам, ки шумо ба наздикӣ дар бораи онҳо мешунавед.

Шумо ба чӣ гуна кумак ниёз доред?

Дастгирӣ хеле зарур аст — иттилоотӣ, молиявӣ ва албатта, дастгирӣ дар шакли захираҳои инсонӣ. Чӣ тавре ки қаблан қайд карда шуда буд, гурӯҳи «Можешь – Помоги» гурӯҳи волонтиёрие аст, ки фаъолияташ метавонад гуногун бошад: аз кӯмаки ҷисмонӣ дар паноҳгоҳи ҳайвонот то кӯмак ба як оилаи муайян, ки тасодуфан дар вазъияти душвор ва ногувори зиндагӣ қарор гирифтаанд. Мутаассифона, гурӯҳи «Можешь – Помоги», заминаи ҳуқуқӣ надорад, ки ин барои ба ташкилотҳо муроҷиат намуданро маҳдуд месозад. Ҳама чиз ба шарофати одамони оддӣ амалӣ карда мешавад. Шояд ин ҳадаф ва маънои идея бошад. Якҷоя мо метавонем боз ҳам ба дастоварҳои бештар мушарраф гардем. Мо аз ин дида беҳтар шуда метавонем. Мо кӯмак карда метавонем.

Шараф Назаров

Ҳангоми татбиқи ғояҳои худ бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ шудед?

Агар гӯям, ки мушкилоти асосие, ки мо дучор шудем, нарасидани захираҳои моддӣ буд, ман ҳеҷ касро ҳайрон намекунам. Ва набудани чизе маҳдудият ва садди роҳ миёни мо ва нақшаи кашидаамон мегардад. Аммо онро нобуд кардан мумкин аст.

Баъдан чӣ мешавад?

Идеяҳо зиёданд. Мо нақша дорем, ки курсҳои коркард бо барномаи FrontEn, Backend development, Python ва C ++ гузаронем. Дар Алмаато ман ба донишҷӯён барномасозии варзиширо омӯзонда будам, онҳоро ба олимпиадаҳо омода мекардам. Мехоҳам инро низ идома диҳам. Озмоиши асосии устувории ҳама гуна барномасозон ин озмун дар Google мебошад. Ғолибонро дар ин ширкати орзу мекардаи ҳамагон ба кор мегиранд. Ман истисно нестам. Хуб мебуд, ки ман дар оянда узви ягон корпоратсияи хориҷӣ мешудам. Ҳоло бошад ман тарафдори омӯзиши анъанавӣ дар оффлайн мебошам. Раванди ба даст овардани дониш осонтар ва ҷолибтар мешавад, вақте ки ҳама дар як ҳуҷра нишаста, дар бораи чизе баҳс мекунанд, аз пирӯзиҳои хурд якҷоя шод мешаванд, ба хастагию вақтро эътибор намедиҳанд. Ягон Zoom чунин намуди кор ва фазои воқеан эҷодиро иваз карда наметавонад.

Шумо ба чӣ гуна кӯмак ниёз доред?

Мо ба наздикӣ сомонаи худро барои хайрия роҳандозӣ менамоем. Ҳар нафари дилхоҳ метавонад моро дастгирӣ кунад. Барои хушбахтии комил, ба ҳар барномасоз на он қадар чизи зиёд лозим аст: танҳо молия, ҳуҷра ва ИНТЕРНЕТИ ХУБ.

Хусрав Гурезов

Ҳангоми татбиқи ғояҳои худ ба кадом мушкилот дучор шудед?

Бо ҳеҷ гуна мушкилӣ дучор нашудам. Дар фаъолияти кории ман, ҳама чиз аз ман ва беморам вобаста аст.

Баъдан чӣ мешавад?

Мехостам бо корҳои хайриявӣ машғул шавам. Оиди доштани фонд ва ё беморхонаи шахсиро танҳо орзу кардан мумкин аст, аммо шумо бе инҳо ҳам метавонед ба одамон кӯмак расонед. Роҳи аз ҳама осонтарин ин муқаррар кардани рӯзи мушаххас барои қабули беморони ниёзманд ба таври ройгон мебошад. Ба онҳо расонидани ёрии аввалияи дандонпизишкӣ. Он амалиётҳои ортопедии гаронбаҳоро дар бар намегирад, зеро чунин хизматрасониҳоро дар ҷараёни корҳои ҳаррӯза расонидан номумкин аст. Аммо ин муваққатӣ аст. Биёед ба беҳбудиҳо бовар кунем.

Шумо ба чӣ гуна кумак ниёз доред?

Албатта, ки молиявӣ. Пеш аз ҳама, утоқи алоҳида бо дастгоҳҳо ҷиҳозонидашуда лозим аст. Ғайр аз он асбобҳои яккаратаро харидан даркор. Ба ғайр аз ҳамаи инҳо, беморон бояд аз ташхиси гепатит, сирояти ВНМО, СПИД гузаранд ва аз ташхиси сифили (RW) –ро гузаранд. Инҳо ҳама хароҷот мебошанд. Ва агар умумӣ фикр кунем, соҳаи тандурустӣ бидуни менедженти хуб, оянда дошта наметавонад. Дар ин бора бояд ҳамаи мо андеша кунем.

Замин ҳамвор аст ва ин фитта дар рӯи се наҳанг такя кардааст — сайёра дар афсонаҳо чунин ҷой гирифтааст. Гипотезаи илмӣ кӯҳна шудааст ва ҳоло каме аз одамон ба афсонаҳо бовар мекунанд. Аммо дар ҳар афсона ҳақиқат мавҷуд аст. Ва он хеле содда аст: ҷаҳон ба нафарони қавитарин такя мекунад — ба онҳое, ки одат кардаанд, ки на танҳо дар бораи худ фикр кунанд.

*Мавод бо дастгирии мураббигии мактаби ВАО CABAR.asia таҳия шудааст. Мундариҷа, нуқтаи назар, ақидаҳо ва тафсири онҳо метавонанд мавқеи расмии IWPR-ро инъикос накунанд.


Мухайё Баротова