МУРҒОБӢ, ГОВҲО ВА ДАРКНЕТ: АЗ GOOGLE ВА ЯНДЕКС ХАЛОС МЕШАВЕМ


Интернет анбори бумеранг дар миқёси сайёраест, ки дар дараш навиштаҷоти «Он чизе ки ту дар гугл меҷӯӣ, ҳамонро меёбӣ» мавҷуд аст. Баъзеҳо ин суханонро рад мекунанд ва баъзеи дигарон ба ҳар як калимаи он розӣ мешаванд. Оё ин дуруст аст? Биёед тасаввур мекунем, ки шумо соли 2018 як шампуни хуб бар зидди рехтани мӯйи сарро ҷӯстуҷӯ карда будед. 2 сол аз байн гузашт, ороиши мӯй ба монанди Гомер Симпсон он қадар бад нест. Аммо як рӯзи муқаррарӣ огоҳие аз браузер ба монанди «Чӣ гуна мӯйро бо бензин ҳифз кард» пайдо мешавад. Тарсу ваҳм пайдо мешавад. Хоҳед ё нахоҳед, Бародари Калон моро назорат мекунад.

Аммо, ӯ дигар на он қадар тавоно аст. Барои дар шабака бе пайроҳа гаштан, ба дигаргуниҳо рӯ оред. Вақти он расидааст, ки Google ва Яндексро, ки ҳама аз он истифода мебарад, тарк карда, барои бехатарии дархостҳои худ корро ба ботҳо супорем. Истифодабарандагони азиз, мо ба шумо топ-5 системаи ҷустуҷӯии аз ҳама «фаромӯшхотир» -ро пешкаш менамоем.

Султони қалби дӯстдорони ниҳонӣ буданро Startpage ишғол намуд.

Вай корбаронро бо калимаҳои «The world’s most private search engine» (баъзеҳо аз ҷумлаи деринтизори «Ман туро дӯст медорам» дида бештар аз ин гуфтаҳо хушҳол мешаванд) пешвоз мегирад ва худро ҳамчун ягона системаи ҷустуҷӯӣ бо шаҳодатномаи махфияти ИА ҷой медиҳад. Ин Google аст, ки аз кунҷковӣ маҳрум мондааст, зеро он ба метамаълумотҳо, файлҳои cookies ва ё суроғаи IP-и шумо аҳмият намедиҳад.

Маҳви бесаводии IT: cookies – ин файлҳои хурди матнӣ мебошанд, ки дар браузер захира карда мешаванд ва ҳангоми бозгашт ба сомона, ба таври худкор ба мо пешниҳод карда мешаванд. Маҳз cookies истифодабарандагонро ҳар дафъа ҳайрон месозанд, ҳангоме ки онҳо таблиғоти молҳо ва хидматсониҳое, ки кадом вақте ба он таваҷҷӯҳ карда буданд, дар саҳифаи интернет овезон мебинанд.

Startpage хусусияти хеле муфид дорад бо номи «Тамошои пинҳонӣ». Он веб-сёрфингро ба дараҷае ноаён месозад, ки шумо ҳатто осори худро дар сомона нахоҳед гузошт. Аммо на ҳама чиз он қадар хушҳолкунанда мебошад. Системаи ҷустуҷӯӣ дар Нидерланд, ки ҷузъи иттиҳоди иктишофии Nine Eyes мебошанд, ҷойгир аст. Дар ин ҳол мумкин аст, ки онҳо маълумотро бо дигар кишварҳои узв, аз ҷумла Бритониё ва ИМА-рекордгузорони  вайронкунандаи махфият мубодил кунанд.

Дар зинаи дуюм анти-Google DuckDuckGo қарор дорад.

Система суроғаи IP-и шуморо нигоҳ намедорад ва файлҳои cookies-ро истифода намекунад. Шумо инчунин метавонед тавассути шабакаи Tor дархостро ба системаи ҷустуҷӯ ворид кунед.

Маҳви бесаводии IT: Tor-системаи прокси-серверҳо мебошад, ки  имкони пайвастшавӣ ба шабакаи ниҳонии аз гӯшкунӣ муҳофизатбударо медиҳад.

Прокси-сервер — миёнарав дар байни корбар ва захираҳои интернетӣ аст, ки маълумоти шахсиро аз соҳиби сомона пинҳон мекунад ва ба шумо имкон медиҳад, ки бастаҳоро убур кунед

DuckDuckGo берун аз тобеияти Федератсияи Русия мебошад. Ин маънои онро дорад, ки, масалан, «ҳуқуқи фаромӯшшавӣ» — ҳуқуқи инсон, ки ба ӯ имкон медиҳад, то дар шароити муайян талаб намудани нест кардани маълумоти шахсиашро тавассути системаҳои ҷустуҷӯӣ, ки ба вай зарар расонада метавонанд, ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад. Ба таври оддӣ карда гӯем, мурғобӣ имкон дорад, ки сомонаҳоеро пайдо кунад, ки аз ҷониби Федератсияи Русия баста шудаанд.

DDG фунсияи муфид дорад бо номи DuckDuckGo Bangs. Он ба шумо имкон медиҳад, ки барои ҷустуҷӯи натиҷаҳо дар сомонаҳои мушаххас гузаред. Масалан, агар шумо «!w ҷамъ калимаи асосӣ ва ё калидӣ»-ро ҷустуҷӯ кунед, шуморо ба саҳифаи Wikipedia мебаранд. Агар шумо «!w tajikistan» -ро нависед, пас мефаҳмед, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ қарор дораду дар доманакӯҳҳои Помир ҷойгир аст ва дар наздикии худ баҳр надорад.

DuckDuckGo дар ИМА ҷойгир карда мешавад ва дар натиҷа, таҳти таъсири эътилофи иктишофии Five Eyes қарор мегирад. Худатон аз ин хулоса бароред.

Глобуси биринҷӣ ба Qwant-и фаронсавӣ дода мешавад.

Натиҷаҳои ҷустуҷӯии он аз ҷониби Bing (системаи ҷустуҷӯии аз ҷониби Microsoft таҳияшуда) амалӣ гашта, бо натиҷаҳои краулери худ пурра карда мешавад.

Маҳви бесаводии IT: краулер (роботи ҷустуҷӯӣ – тортанак) — барномаест, ки барои ҷустуҷӯи саҳифаҳои Интернет бо мақсади ворид кардани маълумот дар бораи онҳо ба пойгоҳи иттилоотии системаи ҷустуҷӯӣ пешбинӣ шудааст.

Qwant ягон маълумоти шахсиро ҷамъ намекунад ё файлҳои cookie-ро пайгирӣ намекунад. Он дорои функсияи «Ҷустуҷӯи зуд» мебошад. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки доираи васеъро коҳиш диҳед ва натиҷаҳоро дар сомонаи мушаххас ҷустуҷӯ кунед. Масалан, ҷустуҷӯи &aliex шуморо ба сомонаи Аliexpress мебарад.

Мисли StartPage, Qwant низ ба шартҳои GDPR (Низомномаи ҳифзи маълумотҳо) риоя мекунад. Аз тарафи дигар, Фаронса узви паймони иктишофии Nine Eyes мебошад.

Дар ҷои чорум, бо оромона Swisscows қарор дорад.

Афзалияти асосии ин системаи ҷустуҷӯӣ ин филтркунии натиҷаҳои ҷустуҷӯ мебошад, ки манзараҳои зӯроварӣ ва порнографияро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, он барои тамоми оила мувофиқ аст. «Говҳои швейтсарӣ» ба истифодабарандагон кори зиёд надоранд. Онҳо файлҳои cookies-ро пайгирӣ намекунанд ва гео-таргетинг надоранд. Дар муқоиса бо дигар системаҳои ҷустуҷӯӣ, он узви иттифоқҳои иктишофӣ нест, аммо бо ИМА Созишномаи ёрии ҳуқуқии мутақобила дорад.

Барои ширинӣ мо notEvil — портал дар Даркнетро гузоштем.

Ду тарафи як танга ва ё ё он чизе, ки тарафи торики Интернет пинҳон менамояд. Тавре, ки маълум шуд, ҳатто дар ин торикӣ, баъзан нурҳои равшанӣ ҳам пайдо мешаванд, зеро дар робита бо басташавӣ сомонаҳои муфид ба он ҷо мекучанд. Google ё Yandex ба шумо иҷозат намедиҳад, ки ба саҳифаи NotEvil ворид шавед. Барои ворид шудан ба он, шумо бояд браузери Tor-ро боргирӣ кунед. Бо ёрии он шумо чизеро пайдо карда метавонед, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нест. Ин ҷо номуайянӣ дар сатҳи баландтарин аст.

Дар омади гап, шумо бояд пайвандро дар браузери худ сабт кунед, зеро веб-суроғаҳо ба монанди «Tor-to-Web» хотираи хуб надоранд.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Мухайё Баротова