ЧИ ТАВР МАН ЯК ҲАФТА ВЕГЕТАРИАН БУДАМ…


«Биё мон. Эҳтимол ҳар шаб гӯшт ва ҳасиб мехӯрӣ!», «Чӣ хел гӯшт нахӯрдан мумкин аст?!» Дар он витаминҳо зиёданд, ягон ғалладона онро иваз карда наметавонад!”, “Вегетариан? Ин ҳолат бисёр давом нахоҳад дод!»

Калимаи «вегетарианизм» аз аввали пайдоиши худ ба шӯхӣ ва ҳатто баъзан масхара табдил ёфта буд. Вегетарианҳоро ҳеҷ гоҳ ҷиддӣ қабул намекарданд, танқид намуда, ҳатто кӯшиш мекарданд, ки онҳо ба меъёрҳои муқарраршударо рӯ оранд. Ҳоло ҳам кӯшиш карда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, шумораи онҳо сол аз сол меафзояд, ки мо, муҳофизони муҳити зист, аз он ин хеле хушҳол мешавем.

Номи ман Мадина аст ва ман қурбонии таҷрибаи бераҳмонаи нашрияи BOOM мебошам.

Гурӯҳи мо тасмим гирифт бахшида ба 1 октябр, ки Рӯзи байналмиллалии вегетарианҳо мебошад, бо як корманди худ таҷриба гузаронад ва бубинад, ки ин чи тавр аст-даст кашидан аз маҳсулотҳои аз ҳайвонот омодашуда. Дар тӯли ҳафт рӯз ман мувофиқи ҳама қонунҳои вегатерианҳо зиндагӣ кардам: фикр мекардаму мехӯрдам ва аз гӯшт дар зиндагӣ танҳо хотираҳо боқӣ монда буду халос.

Дар пеши шумо саргузашти нафаре, ки аз «ҳафт доираи ҷаҳаннам» гузаштааст ва ё чӣ гуна ман дар ин муддат вегетариан будам, пешниҳод шудааст.

Рӯзи аввал аз ҳама осонтарин буд.

Аз ҷиҳати рӯҳӣ, ман аллакай омода будам ва ба худ итминон доштам, ки дар тӯли ҳафт рӯзи оянда шикамам ягон мурғбирён, оши палав ва шаурмаро нахоҳад дид… Ҳамзамон ин амал барои ман як чизи ҳаяҷоновар ва ҷолиб буд. Ин озмоиш сабаби нав барои иродаи худро мустаҳкам кардан ва тарзи ҳаёти солимро пеша кардан гардид. Эй кош, ки ман онро сар намекардам…

Дар наҳорӣ ярмаки ҷав (геркулес) буд.

*Воқеан, ин хӯроки дӯстдоштаи «вегетариании» ман аст!

Ман одатан хӯроки нисфирӯзӣ намехурам, аз ин рӯ манъкуниҳои нав ҳис намешуданд. Хӯроки нисфирӯзии ман себ, афшураи афлесун ва чормағз ва хӯроки шомам бошад, пюреи картошкагӣ ва бодиринг буд.

Барои ворид шудан ба мавзӯъ, ман маҷбур шудам, ки якчанд мақолаҳоро хонаму наворҳоро, ки дар бораи вегетарианҳо ва манфиатҳои он мебошад, тамошо кунам. Ман ба хулосае омадам, ки дар тӯли ин ҳафт рӯз на танҳо ба хотири озмоиш, балки бо сабабҳои ахлоқӣ низ сабр хоҳам кард.

Рӯзи дуюм дар назди дари яхдон бо дарки он, ки барои ман дар ин ҷо чизе нест, оғоз ёфт. Пас аз наҳорӣ бо овёс, ман қарор додам ба хариди вегатерианӣ равам: якчанд килограмм сабзавот ва меваҳо, бештар ғалладонагиҳо бо йогурт, чормағз ва ярма. Барои хӯроки нисфирӯзӣ ман боимҷони бирёнкардашуда бо қиёми помидор доштам. Оҳиста-оҳиста дар ман эҳсоси сер нашудан пайдо шуд ва худро дар ҳайати нашрия ҳамчун харгуши озмоишӣ ҳис мекардаму роҳҳои интиқомро меҷустам.

Дар ин рӯз «супер қаҳрамонҳо»-и ман бананҳо шуданд. Умуман шумо медонистед, ки он чӣ қадар серғизо аст? Дар як лаҳзае ман фикр кардам, ки мумкин тамоми ҳафтаро танҳо бо хӯрдани банан гузаронда метавонам. Дар хӯроки шом каме ширбиринҷ буд. Ва ман бо фикри амбассадори банан дар Тоҷикистон шудан, хоб кардам.

Рӯзи аз ҳама мушкилтарин ва нобарор – ин рӯзи сеюм буд. Дар саросемагӣ ба ман зарур омад дар наҳорӣ овёс бихӯрам. Бо ин хӯрдани хӯроки муқаррарӣ ба охир расид. Ин рӯзи душвор ва серкор буд. Одатан, ман стрессро бо хот-догҳои ҷаззоб, роллҳои гӯштӣ, бургерҳо паси сар мекардам… Аммо ин дафъа интихоб маҳдуд буд ва ман чи кор карданамро намедонистам. Шуморо мебоист бинед, ки чӣ гуна ман дар назди дари тезтайёр истода, дугонаамро бовар кунонданӣ шудам, ки ман танҳо бӯй мекашам ва дар маҷмӯъ, агар ӯ дӯсти ман бошад, вай ба касе чизе намегӯяд. Бале … дар он лаҳза иродаи ман сустии мушаххас нишон дод. Аммо ман воқеан ба он ҷо медаромадам, агар аз як паҳлуи худ нигоҳи гизалаи дугонаам намебуд. Ҳангоми бозгашт ба хона фикр кардам, ки бояд ба парҳез ҷиддитар муносибат кунам ва ба ҷустуҷӯи маҳсулоте, ки ҷои гӯштро иваз мекунад, шурӯъ намоям: ин маҳсулот вуҷуд дошт. Хӯрок барои шом ин хӯриши сабзавот бо лӯбиё ва афшураи лаблабу буд. Ва барои фардо шӯрбои лӯбиёгиро дар нақша гирифтам.

*Лӯбиёиҳо манбаи бойи оҳан ва яке аз беҳтарин ҷойивазкунандаи гӯшт ба ҳисоб мераванд.

Рӯзи чорум — ин бароям рӯзе буд, ки ман худро Алекс аз “Мадагаскар” ҳис кардам.

Ба хонаи мо меҳмонон ташриф оварданд. Меҳмонон хеле зиёд буданд. Ва хӯрокҳои гӯштӣ низ бисёр буданд. Ва ман ба як вегетариане, ки дар зиёфати гӯштӣ гум шудааст, монанд шудам. Ҳама гӯшт мехӯрданд, дар бораи гӯшт сӯҳбат мекарданд, гӯштро таъриф мекарданд. Болои ҳамаи ин гуфтаҳо, чизи аз ҳама «гуворо» ва нороҳаткунанда ин як ошхонаи нав дар назди хона буд, ки дар он ҷо самбуси танурии беҳамто омода мекунанд. Ман нафаре мебошам, ки ҳамаи ин чизҳоро хеле хуб медонам! Ба монанди нисфи аҳолии мамлакатамон.

*Агар шумо самбусаи тануриро то ҳол начашида бошед, пас коратон омад кардааст, зеро ин чиз одамро ба худ омӯхта мекунад ва шумо аз он даст кашида наметавонед.

Тамоми рӯз кӯшишҳои бесамар мекардам, ки бо ягон кор худро банд кунам, ба чизе машғул шавам ва дар ниҳоят шӯрбои лӯбиёгии ба нақша гирифташударо омода кунам. Аммо бодиққат будани ман душвор гардид. Ин ҳоли ман ё ба нарасидани витаминҳо ва моддаҳои алоҳидае, ки пас аз даст кашидан аз маҳсулотҳои аз ҳайвонот омодашуда намоён гардид ва ё худам тадриҷан ба ҳайвон табдил меёфтам… Ба шер Алекс. Лаҳзаеро дар ёд доред, ки ҳама атрофиён ба назари ӯ ба мисли қимакабоб менамуданд? Албатта, ба назари ман ягон кас ба мисли қимакабоб наменамуд ва ман низ думбаи касеро нагазидам, аммо ин ҳолат новобаста аз хоҳиши ман идома меёфт. Ва ин дахшатнок буд. Пас аз нисфирӯзӣ ман маҷбур шудам бо ҳамроҳии кефир ба кӯча бароям. Рӯз бо шӯрбои лӯбиё ба поён расид. Бо шӯрбои лӯбиёи болаззат ва бениҳоят серғизо.

Рӯзи панҷум аз ҳама рӯзи вегатерианӣ буд. Барои наҳорӣ ман оладия бо банан ва ярмаи ҷавдор бо мураббои малина ва афшураи себ доштам.

*Ретсепти ин мӯъҷизаро нақл мекунам!

Хӯроки нисфирӯзӣ – гулкарами пухташуда бо сабзавоти тару тоза, бананҳои бузург барои хӯроки пешин ва питсаи сабзавотӣ бо занбурӯғҳо барои шом. Боваратон намеояд!

*Ман бовар накардам!

Ҳеҷ гуна ҳисси камғизоӣ дар ман набуд. Аз шер Алекс осоре намонд ва ҷои гуруснагиро як навъ сабукӣ иваз кард. Чунин ба назар мерасид, ки ман бо организми худ дар як маҷв будем. Танҳо гоҳ-гоҳе аксҳои кабоб ва наггетсҳо ба назарам менамуд.

Инкор, хашм, қабул — ин марҳилаҳо аллакай гузаштаанд. Ва ман бо баданам мувофиқат кардам. Дар тӯли чанд рӯз ман миқдори зиёди адабиётҳоро мутолиа намудам, видео роликҳо ва филмҳои боз ҳам бештарро дар бораи принсипҳо, ангезаҳо ва манфиатҳои вегетариан буданро тамошо карда баррасӣ намудам. Ман озмоиши худро дӯст доштам. Ман мехостам минбаъд низ ин тарзи зиндагиро пеш барам. Орзуи кӯдакии ман барои доштани фермаи шахсии аз нав эҳё шуд ва дар фикрҳоям аллакай ба говҳои серпашми худ дар чарогоҳ сурудхонӣ мекардам. Ин танҳо ибтидо буд. Тақдир маро бо духтароне ҷамъ овард, ки вегатериан будан ва ҳатто веган буданро таблиғ мекарданд.

Шумо низ бояд бо ин аскарони зебои артиши растаниҳо шинос шавед.

Бисёр одамон бар он ақидаанд, ки менюи вегатерианҳо якрангу бемазза аст ва ба пуррагӣ аз гиёҳҳо иборат мебошад. Бо мақсади шикастани ин стереотип, мо якчанд ретсептҳои худро пешниҳод менамоем, ки онҳо дар онҳо МУФИД маънои БОМАЗЗА буданро дорад.

Пеш аз ин озмоиш, даст кашидан аз гӯшт барои ман ҳукм буд. Чунин ба назар мерасид, ки одамон ин тарзи ҳаётро танҳо барои он қабул мекунанд, ки он муд аст. Ман намефаҳмидам, ки чӣ гуна  аз он комилан даст кашидан мумкин аст. Зеро, come on — гӯшт ин ҳаёт аст.

Ҳоло ҳама чиз тағйир ёфтааст. Ин 7 рӯз ба ман реҷаи муайяни хӯрокхӯриро омӯхт ва маҷбур сохт, ки бо иродаи худ мубориза барам.

*Ман ҳатто тасаввур намекардам, ки корҳо бо ӯ ин қадар баданд.

Ман бо одамони ҷаҳони ҳамешасабз мулоқот доштам ва фаҳмидам, ки вегетарианҳо – ин на танҳо як равия ё як ҳавас аст, балки он роҳи зиндагӣ, фалсафа ва поксозист. Як ҳафта барои сарфаҳм рафтани ин амал кофӣ набуд, аммо барои ҳис кардан басандагӣ намуд.

*Мавод бо дастгирии мураббигии мактаби ВАО CABAR.asia таҳия шудааст. Мундариҷа, нуқтаи назар, ақидаҳо ва тафсири онҳо метавонанд мавқеи расмии IWPR-ро инъикос накунанд.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Мадина Саидова