КАСБҲОИ ОЯНДА: РОБОТҲО, АЛОҚАЧИЁН, ВОИЗОН


Оянда… — ба назари мо чун як чизи норавшан, дур ва номаълум менамояд. Ҳатто намедонем, ки моро чӣ интизор аст, аммо бешубҳа мехоҳем одамони хушбахт ва доранда бошем. Барои дар оянда самараи муваффақиятро ба даст овардан, айни замон бояд кор кард.

Тавсия медиҳем, ки аз интихоби коре, ки дер боз дар орзуяш будед, оғоз кунед. Гурӯҳи BOOM барои шумо қисми дуюми касбҳои ояндаро пешниҳод менамояд. Фароҳам овардани шароити зиндагӣ дар дасти шумо аст.

Лоиҳакаши робототехника

Робот чангкашак тоза кардани хонаро ба ҷои шумо моҳирона анҷом медиҳад, дар меҳмонхона шуморо робот-сарпешхизмат истиқбол мегирад ва эҳтимол аст, ки дар ояндаи наздик имкони ташриф овардан ба тарабхонаҳои комилин роботикардашударо пайдо мешавад. Мошинҳои интеллектуалӣ одамонро дар бисёр соҳаҳои ҳаёт фаъолона иваз карда истодаанд, аз ин рӯ касби лоиҳакаши робототехника тамоми имкониятҳоро дорад, ки яке аз касби серталаб гардад. Ӯҳдадориҳои ин мутахассис дар сохтан ва тарҳкашии роботҳо ва системаҳои автоматӣ мебошад.

*Музди маош аз 9400 сомонӣ

Бо кадом барномаҳо дохил шудан мумкин аст:

Мехатроника ва робототехника (Русия)

Донишгоҳи давлатии политехникии Санкт-Петербург;

Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Н.Э. Бауман;

Mechatronics and Robotics, Bachelor (Литва) Vilnius Gediminas Technical University;

Control Engineering and Robotics (Лаҳистон) Poznan University of Technology.

Платформаҳои омӯзиши онлайн:

«Амнияти роботҳои муштарак: Лоиҳакашӣ ва ҷойгиркунӣ — Донишгоҳи Буффало ва Донишгоҳи давлатии Ню-Йорк;

«Робототехникаи муосир: идоракунии роботҳо, роботҳои чархдор ва мобилӣ» — Донишгоҳи Шимолу Ғарбӣ.

Коршинос оид ба ҳамкории инсон бо мошин

Намехоҳед тақдири қаҳрамонҳои «Трансформерҳо» ё «Терминатор» -ро такрор кунед, ҳангоме ки робот чангкашак зери кати шуморо нодуруст тоза кардаасту шумо бошад онро лат мезанед? Он гоҳ ин ихтисос танҳо барои шумо офарида шудааст. Мутахассис оиди ҳамкорӣ бо инсон ва мошин кори дурусти робототехника ва дастгоҳҳои автоматиро меомӯзонад. Касби мазкур серталаб ва муҳим аз ҳама муфид аст. Кӣ медонад, шояд дар дохили қолаби тунукагӣ як рӯҳи ҳассос ва осебпазир ниҳон аст.

*Музди маош аз 6700 сомонӣ

Бо кадом барномаҳо дохил шудан мумкин аст:

Робототехникаи саноатӣ ва махсус (Русия) Донишгоҳи Миллии Тадқиқотӣ «MЭИ»;

Robotics (Чехия) Technical University of Ostrava;

AdvancedRobotics (Испания) Jaume I University (UniversitatJaume I).

Платформаҳои омӯзиши онлайн:

«Психология ва педагогикаи киберсотсиализатсияи инсон»;

«Ақли ҷаҳонӣ — роботҳо дар ҷомеа: дуо ва ё лаънат?» — Донишгоҳи технологии Дефтс.

Эко-воиз

Зарфи тунукагӣ аз оби газноки дӯстдошта, бастабандии селофан аз картошкабирёни зараровар, аммо хеле болаззат, фолга аз сақичи тароватбахш — ин ва бисёр намудҳои дигари партовҳо, ки дар давоми садсолаҳо вайрон мешаванд ва ба табиат зарари ҷуброннопазир мерасонанд. Ҳолати ғамангези экосистемаи Замин пайдоиши касби воизи экологиро тақозо намуд. Ба ӯҳдадориҳои “Сарбози фронти сабз” масъулияти таҳия, ташкил ва пешбурди барномаҳое мебошад, ки он ба коҳиш додани сарборӣ ба муҳити зист равона шудааст. Масалан, ҷамъоварӣ ва коркарди алоҳидаи партовҳо. Вазифаи ӯ инчунин аз он иборат аст, ки барои корхонаҳои калон чунин барномаҳое, ки барои камтар шудани зарари истеҳсолот пешбинӣ шудаанд, таҳия намояд. Воизи экологӣ парасторест, ки табиатро ҳифз ва нигоҳубин мекунаду ба дигарон дар бораи он таълим медиҳад.

*Музди маош аз 6000 сомонӣ

Бо кадом барномаҳо дохил шудан мумкин аст:

География ва экология (Русия) Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи Пушкин;

Экология ва истифодаи табиат (Русия) Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия «РУДН»;

Экология (Олмон) University of Wurzburg.

Платформаҳои омӯзиши онлайн:

«Таъсири дигаршавии иқлим ба саломатӣ» — донишгоҳи Гарвард;

«Ифлосшавии ҳаво: сабаб ва оқибат».

Баъзан ба назари мо чунин менамояд, ки оянда дар ихтиёри мо нест ва дар паси кӯҳҳои баланд пинҳон аст. Ман шитобон ба шумо итминон медиҳам, ки вақти он аллакай расидааст. Ва агар шумо хоҳед, ки ояндаро идора кунед – дониши навро ба даст оред ва онро сайқал диҳед.

*Мавод бо дастгирии мураббигии мактаби ВАО CABAR.asia таҳия шудааст. Мундариҷа, нуқтаи назар, ақидаҳо ва тафсири онҳо метавонанд мавқеи расмии IWPR-ро инъикос накунанд.

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Карина Нарзикулова