КАЙ РАССОМИИ КӮЧАГӢ БА САНЪАТ ТАБДИЛ ЁФТ?


Новобаста аз он, ки шумо граффитиро харобиовар, санъати демократӣ ва ё нороҳаткунандаи оммавӣ мешуморед, он аз давраи расмҳои рӯи сангӣ оғоз ёфтааст.

Албатта, шумо бояд шубҳа дошта бошед. Тамоми ҷаҳон муссавараи охирини Бэнксиро, ки дар Саффолк тасвир шудааст, таърифу ситоиш мекунад ва ҳамзамон аз Стик, ки одамчаҳоро дар зери пулҳои Лондон наққошӣ мекунад, ба шақ меояд. Стрит-арт харобиовар, демократӣ ва эҷодиёти ногуфтанӣ аст ва ин аз ҷониби ҷомеа ҷунин қабул шудааст. Аммо пас аз ин шумо дар қатора, дар интизори расидан ба истгоҳ, ба «санъат» -и девори анбори боркашон менигаред. Касе барои ранг кардани он ҳарфҳои бузург ва хатҳои ҷингила хавфҳои ҷисмонӣ ва ҳуқуқиро аз сар гузаронид — аммо натиҷа мисли халтаи холии картошкабирён рӯҳбаландкунанда аст.

Эҳтимол, ки баъзе аз ин расмҳои бавосита, танҳо аз ҳисоби пул ба санъати баланде, ки «стрит-арт» номгузорӣ шудааст, табдил ёфтааст. Бэнкси на танҳо машҳур аст; асарҳои ӯ бо арзиши баланд машҳур шудаанд. Вақте ки рассом яке аз асарҳояшро дар музояда чунин кард, ки он худнестшавӣ расид, бисёриҳо тахмин карданд, ки ин ҳилла барои баланд бардоштани арзиши бозории рассом равона шудааст. Ёфтани трафарети Бэнкси дар хонаи худ ба монанди бурди лотерея баробар аст. Агар санъатро арзиш муайян кунад – пас кӣ дар давраи Дэмиен Херст ба ин розӣ намешавад? — ин нишона дар бинои Со-ор бо сармоягузории эҳтимолии миллиони худ сазовори эҳтиром мебошад.

“Стрит-арт” — як категорияи нави бозор аст, ки онро Бэнкси ва тақлидкорони ӯ ихтироъ кардаанд. Аммо ниёз ба ин санъат ҳадди ақал дар тӯли 60 000 сол вуҷуд дошт. Одамон дар деворҳо расм кашиданро бениҳоят дӯст медоранд. Дар давраи яхбандӣ, онҳо дастҳояшонро ба деворҳо фишор медоданд ва ба воситаи найча охраро дар изҳои ангушти худ мепошиданд. Имрӯзҳо қариб ки ҳамон як техника истифода мешавад, вақте ки рассомони кӯчагӣ ба трафарети қаблан буридашуда ранг мепошанд, то пеш аз омадани полис расмкаширо ба анҷом расонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки санъати давраи яхро ҳамчун граффити тасниф кардан, ин беэҳтиромӣ мебошад, вале пеш аз он ки қадимияти ҳақиқии ин санъат дар асри 20 эътироф шуда буд, одамоне, ки дар ғорҳо бо тасвири мамонтҳо дучор меомадаанд, онҳоро граффитии ғалат меномиданд. Ва ҳеҷ далели хаттӣ барои собит кардани он, ки ин расмҳои ғорро кӣ ва барои чӣ тасвир намудааст, вуҷуд надорад. Кӯдакон, инчунин занону мардон изҳои дасти худро дар ғорҳо мегузоштанд. Шояд онҳо наврасони ғамангези асри санг буданд, ки дар зери замин пинҳон шуда, барои хурсандии худ расми говҳоро тасвир мекарданд.

Пас, шояд рассомии кӯчагӣ на танҳо санъат, балки санъати тозатарин бошад. Нависандаи қадимии Рим Плинийи Калонӣ ва нависандаи дарваи Таҷаддуд Ҷорҷо Вазарӣ боварӣ доштанд, ки аввалин рассом зане буд, ки сояро дар девор тасвир кардааст. Назариётшиноси санъати муосир Дюбюффе ҳангоми эҷоди истилоҳи «Art Brut» барои ишора кардани нишонаҳои алоҳида, аз ҷумла граффитӣ, эҷодиётро ба ҳолати қаблии худ баргардонид.

Санъати асри XXI технократӣ ва суфигӣ мебошад; мо видео-арт, санъати консептуалӣ ва рақамӣ дорем. Ҳеҷ кадоме аз ин дастурҳои ғайриманқул бо кӯдаке, ки бо чӯб расм мекашад, робитае надорад. Аммо санъати кӯчагӣ ба таври асроромез ба хоҳиши ибтидоии дар рӯи холигӣ гузоштани осор моро бармегардад.

Инак, ба расмҳои дар роҳи оҳан бори дигар назар кунед. Ин танҳо ихтирои бозори бадеӣ ё расонаӣ нест. Ин иртибот бо аҷдодони эҷодкори мо мебошад: баъзан қатъ мешавад, ба монанди сигнале, ки садои ҳаёти муосирро мешиканад, аломати давраи яхбандӣ. «Ана ман. Ин изи ман аст. Ман инсон ҳастам.»

Тарҷума: Гулбону Аннаева


Сомон Комилов