Робин Гуд боз рӯи экрани калон меояд. Мувофиқи иттилои нашрияи The Hollywood Reporter, студияи Walt Disney тасвире, ки дар нақши марказии он, қаҳрамоне, ки барои мардуми оддӣ хайрхоҳ истодааст, таҳия ва пешниҳоди дӯстдорони синамо менамояд. Таҳиягари филм Карлос Лопес Эстрада мебошад. Ӯ офарандаи мазҳакаи фоҷиаовари «Слепые пятна» мебошад.

Лоиҳа дар асоси филмномае, ки Кари Гранлунд таҳия мекунад, омода мешавад. Гранлунд қаблан бо Walt Disney ҳамкорӣ карда буд. Ҳамон тавре, ки дар филми аниматсионии соли 1973 қаҳрамонони асосӣ ҳайвонҳои ғайриоддӣ мегарданд, ки тасвири онҳо бо истифодаи технологияи аксбардорӣ ва аниматсияҳои компютерӣ сохта мешавад.

Мӯҳлати коркарди ин лоиҳа то ҳол маълум нашудаанд. Аён аст, ки онҳо баъди ба марҳилаи ба итмом расидани пандемия аз коронавирус ва ба ҳолати муқаррарӣ баргаштани соҳаи филми амрикоӣ ворид мешаванд.

Бояд қайд кард, ки студияи Walt Disney аллакай якчанд филми бадеиро, ки аз рӯи аниматсияи классикӣ сохта шудаанд, пешкаш кардааст.

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_92805/