Маблағи суруд ба ташкилотҳои хайрия, ки бо Covid-19мубориза мебаранд, интиқол дода мешавад.

Репсарои амрикоӣ Pitbull суруди I Believe That We Will Win («Ман боварӣ дорам, ки мо ғолиб хоҳем шуд») – ро ба ҳамагон муаррифӣ кард.

Ин сурудро сароянда суруди миллии тамоми ҷаҳон номид. Матни он чунин аст: «Оё медонед, ки аз вирус дида чи аз ҳама тезтар паҳн мешавад. Ин тарс аст. Ва ҳангоме, ки гап дар бораи тарс меравад, шумо ё ҳама чизро фаромӯш карда мегурезед ва ё баробар ба ҳама бо ин мушкили мубориза мебаред».

Хонандагони азиз. Ҳангоме, ки клипи нави ин эҷодкорро тамошо мекунед, мебинед, ки зиндагии ҳаррӯзаи одамони ҳамсоякишварҳо дар чи ҳол қарор дорад. Аз ин рӯ саломатии худ ва наздиконатонро ҳифз намоед.

Сарчашма: https://112.ua/kultura/reper-pitbull-vypustil-pesnyu-i-believe-that-we-will-win-o-pandemii-koronavirusa-532857.html