Дима Билан консерти онлайни худро дар Яндекс.Эфир роҳандозӣ мекунад. Рӯзи баргузории он санаи 18 апрели соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

— Яке аз роҳҳои ҷашни шанбеи хуб ин аз хона берун набаромада дар консерти зиндаи сарояндаи дӯстдоштаи худ қарор гирифтан мебошад. Ин рӯзи шанбе, 18 апрел, Яндекс.Эфир мухлисони Дима Биланро шод мегардонад ва консерти эсклюзивии онлайни худро нишон хоҳад дод”, — гуфта шудааст дар маълумоти расмии ташкилкунандагон.

Ҳунарманд барномаи махсусро бо беҳтарин хитҳо барои тамошобинон омода кардааст.

Консерт соати 19.00 оғоз меёбад.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/346504