Василий Вакуленко, ки бо номи Баста низ машҳур аст, суруди «Bad Bad Girl»-и лоиҳаи нави худ Gorilla Zippo-ро нашр кард. Клипи композитсияи минималистии электрони Баста, як навъ филми хурдест, ки дар бораи нашъамандӣ ва рейдҳои полис дар ин бора нақл мекунанд.

Албоми Gorilla Zippo санаи 20 апрели соли 2020, дар рӯзи зодрӯзи Баста ба мухлисону ҳаводорон дастрас мешавад. Мухлисони сароянда қайд карданд, ки маводи нав ба лоиҳаи «Братья Стерео» хеле монандӣ дорад. Баъзеҳо ғамгин буданд, ки Вакуленко намоиши эҷодиёти худро дар зери номи номаълум баровардааст ва дар ниҳоят ин видео зери нишони лейбли худи ӯ «Газгольдер» баромад.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/346578