Телевизиони HBO филми илмӣ тахайюлии «Мир дикого запада»-ро ба фасли чорум идома медиҳад. Мувофиқи иттилои нашрияи Deadline, роҳбари лоиҳаи мазкур Лиза Ҷой Нолан ва Ҷонатан Нолан мебошанд.

«Аз боғи мавзӯии замони Ғарби Ваҳшӣ (Дикий Запад) то пойтахти технологии ояндаи наздик, мо аз ҳама ҷодугарӣ ва масхарае, ки ҳикояткунандагон Ҷонатан Нолан ва Лиза Ҷой ба мо пешкаш карданд, баҳравар шудем. Мо интизори фаҳмидани онем, ки дидгоҳи илҳомбахши онҳо моро оянда ба куҷо мебарад», — мегӯяд Кейси Блойз, директори барномавии HBO.

Қобили зикр аст, ки рейтинги фасли сеюми силсилафилм дар муқоиса бо рейтинги қисми дуюм кам шудааст. Вале ба ҳар ҳол филм ҳанӯз ҳам дар байни тамошобинон диққати зиёдро доро мебошад. Вақти кор дар идомаи минбаъдаи лоиҳа ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки «Мир дикого запада» бар асоси эҷодиёти тахайюлнависи машҳури амрикоӣ Майкл Крайтон омода ва наворбардорӣ мешавад.  Ин амал дар ояндаи наздик сурат мегирад, вақте инсоният офаридани роботҳоро омӯхтанд.

Мавсими сеюм 15 марти соли 2020 оғоз ёфт. Он аз ҳашт саҳна иборат аст.

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_92936/