Рӯзномаи Forbes рейтинги нафарони муваффақи синну соли «30 то 30»-ро нашр кард, ки он аз категорияи соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ташкил ёфтааст.
Дар категорияи «Мусиқӣ» репсарои машҳур Моргенштерн, сарояндаҳо Манижа Сангин ва Катя Кишук дохил шуданд.
Манижа тоҷикдухтаре мебошад, ки аллакай дар кишварҳои хориҷа низ шинохта шудааст. Суруди аз ҳама машҳури ин овозхон «Я недославянка и недотаджичка» мебошад. Ӯ худро шаҳрванди тамоми олам мешуморад, зеро зодгоҳаш Тоҷикистон аст, вале дар Россия ба воя расидааст.
Сомонаи Booms.tj Манижаро бо ин дастовардаш муборакбод мегӯяд ва ба эҷодиёти ояндаи ӯ бурдбориҳои бештарро орзуманд аст. Бигзор ин қадамҳои аввалин аз саршавии ҳаёти муваффақи ӯ бошад.