Силсилафилми аниматсионии Русия «Маша и Медведь» дар топ-5 намоишҳои беҳтарини кӯдакона дар тамоми ҷаҳон дар ин рӯзҳои истироҳатӣ дохил шуд. Лоиҳа дар рейтинг ҷои чорумро гирифт. Инҳо натиҷаи тадқиқотро оҷонсии мустақили байналмилалии Parrot Analytics нашр намудааст.
Омӯзиш аз 1 март то 3 майи соли 2020 гузаронида шудааст. Ширкат гуфт, ки талабот ба лоиҳаҳо, тавассути дархости истифодабарандагони сомонаҳои онлайни дар бахши мундариҷаи кӯдака дар тӯли рӯзҳои истироҳатӣ дар назар гирифта шудааст. Ҷойи аввалро дар даҳгонаи беҳтарин, филми тасвирии «Свинка Пеппа», пас аз он «Губка Боб квадратные штаны» гирифтанд ва силсилафилми «Звездные войны: Войны клонов» бошад ҷои сеюмро ишғол намуд.