Коргардони филм бо иштироки Том Круз, ки дар кайҳон наворбардорӣ мешавад, Даг Лайман таъин шудааст. Дар ин бора нашрияи Deadline хабар медиҳад. Шарикон бо маъмурияти ИМА оид ба аэронавтика ва кайҳон (NASA) ва ширкати Space X аз Илон Маск кор хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Лайма ва Круз қаблан ҳангоми таҳияи филми тахайюлии «Грань будущего» ҳамкорӣ мекардаанд. Инчунин интизор меравад, ки коргардон сиквели ин тасвирро наворбардорӣ мекунад.
Мундариҷаи лоиҳаи нав то ҳол махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қаблан эълон шуда буд, ки он ба франшизаи «Миссия невыполнима», ки Круз солҳои тӯлонӣ дар он иштирок карда буд, ҳеҷ иртиботе надорад. Филм инчунин дистрибютор надорад, бинобар ин ҳоло дар марҳила мустақил қарор дорад.
Бояд гуфт, ки Том Круз дар Голливуд бо кӯшиши ба амалҳои саҳнаҳои хатарнокро мустақилона бе кӯмаки каскадер иҷро мекунад. Аз ин лиҳоз хеле машҳур аст. Дар филмҳои охирини худ, ки ҳангоми нашри ин мақола ӯ чунин ҳиллаҳои таъсирбахшро нишон дод, дар шабакаи интернетӣ шӯхиҳо баромад, ки дигар чизе намондааст, то ҳунарпеша мухлисонро ба ҳайрат оварад. Хайр албатта, ки ғайр аз кайҳон парвоз карданаш. Эҳтимол аст, ки Круз ин суханҳоро ҷиддӣ қабул кард.