Нахустнамоиши клипи Ленни Кравитс бо номи «Ride» санаи 29 майи соли 2020 ба мухлисону ҳаводорони савту садо пешниҳод гардида буд.
Коргардони ин видео, дӯсти сароянда — Марк Селигер ӯҳдадор буд. Ғайр аз худи Ленни, боз фотомодел Алиана Кинг дар клип нақшофарӣ намудааст. Онҳо якҷоя дар хона гитара менавозанд, дар кӯчаҳо ва толорҳои холии осорхонаҳои Париж қадам мезананд, дар боми хона менишинанд, дар нимаи шаб бо мошин ба тамошои шаҳр ва зебогии атрофи он мегарданд ва дар охири навор бо дӯстон дар қаҳвахона вомехӯранд.