Студияи Universal мутобиқсозии муосири филми даҳшатноки «Человек-волк» (Одам-гург) -ро наворбардорӣ мекунад.
Райан Гослинг дар он нақши асосии мардонаро мебозад. Таҳияи лоиҳаро студияи Universal таҳия мекунад. Тибқи иттилои нашрияи Variety, номи коргардон то ҳол номаълум аст, ҳарчанд номзадҳои зиёд буданд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо ба ин филм мувофиқат намекарданд. Дар айни замон, номзади асосӣ Колин Финли аст, ки бо лоиҳаи худ Bad Education маъруф мебошад.
Дар бораи сужаи филм ҳоло ҳеҷ чиз маълум нест, магар он ки қаҳрамони асосӣ гург хоҳад буд, ки ба марҳилаҳои гуногуни моҳ хеле манфӣ муносибат мекунад. Амали тасвир дар ҷаҳони муосир сурат мегирад ва он ба триллери «Стрингер» монанд хоҳад шуд.