Наҷотдиҳандаи беш аз 700 сарнавишти занон, вакил,  ҳомии ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ва модари панҷ фарзанд — Умеда Садр дар нашри нави Rule Makers.
Мо мавзӯъҳои зӯроварӣ дар оила, издивоҷи бармаҳал, манъи муносибатҳо, нест кардани стереотипҳо ва аҳамияти афзалиятҳои ҳақиқиро баррасӣ намудем.
— ЧӢ ШУМОРО ВОДОР СОХТ БА ТАШКИЛИ СОЗМОНИ ХАЙРИЯВӢ ШУРӮЪ НАМОЕД ВА ДАР ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТ БО ЧИ ГУНА ДУШВОРИҲО ДУЧОР ШУДЕД?
Пас аз хатми донишгоҳ, дар тӯли се сол, дар як созмони байналмилалӣ ҳамчун муҳосиб кор мекардам, аммо ин кор ба ман мувофиқ набуд. Дар ин созмон, дар бахши кишоварзӣ ва тақсими кӯмаки башардӯстона лоиҳаҳои зиёд буданд. Занҳо барои кӯмаки башардӯстона зуд- зуд меомаданд ва ман медидам, ки дар ҳаёти онҳо ҳеҷ чиз тағйир намеёбад, онҳо аз кӯмак то кӯмак зиндагӣ мекунанд. Вақте ман сабаби онро мепурсидам, онҳо ҷавоб медоданд, ки оилаашон серфарзанд ҳастанд ва шавҳаронашон бошад дар муҳоҷират қарор доранд. Онҳо маълумоте надоранд, то ки ба кор қабул шаванд ва зиндагии худро тағйир диҳанд. Аз он лаҳза, ман дар бораи чӣ гуна ба онҳо кӯмак кардан мумкин буданаш фикр мекардам. Медонистам, ки онҳоро ба донишгоҳ дохил карда наметавонам, аммо бовари доштам, ки барои соҳиби касбу малака шудани онҳо саҳм гузошта метавонам. Ман ба Таиланд ба ҳайси волонтер сафар кардам  ва дидам, ки дар он ҷо духтарону занони бисёре аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун маҷбур буданд ватани худро тарк кунанд.
Вақте ки ман баргаштам, аллакай идеяи худро, ки он созмони кӯмак расонидан ба занонро ташкил медод, ба роҳбари худ пешниҳод кардам.
Идея ба ӯ хеле писанд омад, аммо аз кушодани лоиҳа дар ташкилот, ӯ худдорӣ кард ва маслиҳат дод, ки созмонро ба номи худ сабт намоям.  Ман аллакай таҷрибаи бо ҳуҷҷатҳо кор карданро доштам ва дар муддати кӯтоҳ, тамоми шаҳодатномаҳои заруриро ҷамъ овардам. Ягона чизе, ки ман он вақт доштам, хоҳиш ва иҷозат барои бақайдгирӣ буд. Ман ягон кӯмаки молиявӣ надоштам. Бо мурури замон, одамони зиёд дар бораи ташаббуси ман бохабар шуданд ва хоҳишмандон ҷамъ шуданд. Якҷоя мо донорҳо ва сарпарастонро ҷустуҷӯ кардем ва дар асоси ихтиёрӣ, миқдори зарурии маблағро ҷамъ овардем.
Мо бозорро омӯхтем, то аниқ намоем, ки чӣ бештар серталаб аст ва ба малакаҳои дӯзандагӣ такя кардем. Мо ду мошинаи дӯзандагӣ харидем ва дере нагузашта, аллакай фоида ба даст овардем. Ҳамин тавр, фаъолияти ташкилоти мо -«Корвони Умед» оғоз ёфт.

АЗ ДУ МОШИНАИ ДӮЗАНДАГӢ ТО ТАШКИЛОТИ БУЗУРГИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ҚАҲВАХОНАИ ХУД IMG 20200601 191039 185

— КӮМАКЕ, КИ ТАШКИЛОТИ ШУМО ПЕШНИҲОД МЕКУНАД, АЗ ЧӢ ИБОРАТ АСТ?
Дар созмон мо ба занон ёрии тиббӣ, ҳуқуқӣ ва машваратӣ мерасонем. Вазифаи мо фароҳам овардани муҳити бехатар, ки дар он ҷо занҳо барқароршавиро мегузаранд. Онҳо инчунин метавонанд як касби интихобкардаашонро омӯзанд: малакаҳои дӯзандагӣ, пухтупазӣ ва сохтани ҷавоҳирот. Мо ба духтароне, ки синфи 11-ро хатм мекунанд, ба донишгоҳ дохил шудан ёрӣ мерасонем. Баъзан мо курсҳои саводнокии компютерӣ мегузаронем. Пас аз хатми курсҳо, онҳо метавонанд сертификат ва диплом гиранд. Бо мурури замон, мушкилоти шуғл пайдо шуд ва мо ба чунин хулоса омадем, ки бояд ба сатҳи нав гузарем, малакаю захираҳоеро, ки худамон эҷод мекунем, ба истифодаашон шурӯъ намоем. Таъсис додани қаҳвахона дар зери созмон фикри хуб буд. Ҳамин тавр, қаҳвахонаи «Чатр» ифтитоҳ ёфт, ки он барои бисёр заноне, ки ба мо муроҷиат мекарданд, ҷои кор фароҳам овард.
— ПАЙДОИШИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ БА ҲАЛЛИ МУШКИЛИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ЧӢ ГУНА ТАЪСИР РАСОНД?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ мавҷуданд, ки дар ин самт кор мекунанд. Соли 2013 қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ба имзо расид. Аз таҷрибаи худ, ман гуфта метавонам, ки дар тӯли 11 соли охир, муносибат ба ин мушкилот хеле тағйир ёфтааст. Шояд миқдор кам нашуда бошад, аммо мардум ба вокуниш оғоз карданд ва хомӯш буданро бас намуданд. Ҳоло занон мехоҳанд, ки мушкилиро ҳал кунанд, мехоҳанд, ки онҳоро шунаванд ва дар ҳаёташон тағирот дароранд. Ман мехоҳам ба зане муроҷиат кунам, ки мавриди таҳқир қарор гирифтааст ва метарсад дар ин бора сухан гӯяд: туро хоҳанд шунид.
Ин шармандагии ту нест, бояд дар ин бора гап занӣ. Масъала ҳалшаванда аст. Ҳар сол мо беш аз сад нафар занонро касб меомӯзонем. Яке аз вазифаҳои мо огоҳӣ намудан низ мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар бораи ин мушкилот ва дар бораи созмони худ миёни мардум маълумот паҳн кунем. Алахусус дар мактабҳо дар байни хонандагони синфҳои болоӣ вохӯриҳо баргузор кунем.

АЗ ДУ МОШИНАИ ДӮЗАНДАГӢ ТО ТАШКИЛОТИ БУЗУРГИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ҚАҲВАХОНАИ ХУД IMG 20200601 191034 156

ЧӢ ШУМОРО БА ВАКИЛ ШУДАН ВОДОР СОХТ ВА БА КОНСТИТУТСИЯ ЧӢ ТАҒЙИРОТҲОРО МЕХОСТЕД ВОРИД НАМОЕД?
Шахсан ман номзадии худро пебарӣ накардам, ба ман пешниҳод карданд, ки вакили Ҳизби Демократӣ бошам ва ман розӣ шудам. Барои чӣ не? Ман аллакай дар ин соҳа кор мекунам ва ниёзҳои мардумро хуб медонам. Чаро ки як пайванде байни мардум ва ҳукумат нашавам.
Агар  имкони қонунеро бекор карданро медоштам, ман «Қонуни мазкун кардан”-ро, ки мувофиқи он пас аз талоқ ва ё ҳангоми талоқ, зан дар хонаи шавҳараш қарор бояд гирад, бекор мекардам. Зеро ӯ гӯё дар қаламрави душман бояд барои ҳаёташ мубориза мебарад. Зан бояд дар он ҷо зиндагӣ кунад, чунки вай одатан бо фарзандонаш ҷое надорад ва маҷбур аст бо ин эҳсосотҳо мубориза барад.

ЯКҶОЯ КАРДАНИ НАҚШҲО ВА МАСЪУЛИЯТҲОИ ЗАН, МОДАР ВА РОҲБАР ЧӢ ГУНА АСТ?
Модари панҷ фарзанд ва роҳбар. Албатта, ин кор осон нест. Кӯшиш мекунам вақти худро барои оила ва корам баробар сарф намоям. Барои ман вақти кофӣ бо оилаам гузаронидан хеле муҳим аст. Ман якчанд маротиба сӯхтаам. Дар ин ҳолатҳо мебоист ҳама чизро андеша карда, ба вазъият аз нуқтаи назари дигар нигарам ва муносибатҳоро бо оила ва кор барқарор намоям. Ман тайёрам, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ бисёр чизҳоро қурбон кунам. Баъзан, ҳатто ман муоширатро бо хешовандон баҳри мақсадҳои худ қурбонӣ мекунам.

— БА ДУХТАРОНУ ЗАНОНИ ТОҶИК ЧӢ ДАСТУРҲО МЕДИҲЕД?
Духтарон ва заноне, ки хоҳиши ба мо муроҷиат карданро доранд, шумо метавонед ин маълумотҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бо рақами телефони боварӣ паҳн намоед.
Ман ба шумо хоҳони он ҳастам, ки аз орзу намудан натарсед, аз ноил шудан ба ҳадафҳоятон натарсед, аз гуфтани андешаҳо ва эҳсосоти худ бо овоз натарсед. Зиндагӣ намоед, дӯст доред  ва бигузор шуморо дӯст доранд.

Мусоҳибаи пурраро дар шабакаи YouTube-и Subzee TV тамошо кунед.
Нашрияи мазкур ба туфайли кӯмаки мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид.
Booms News барои мундариҷаи ин нашрия масъул аст, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намекунад.