Нақоразан Motley Crue Томми Ли санаи 5 июни соли 2020 ду клипи навро ба мухлисону ҳаводорони худ пешниҳод намуд. Композитсияи «Tops» бо ҳамроҳии репсарои ҷануби африқоӣ Push Push сабт намудааст. Дар ролик ду духтар, сиёҳмӯй ва малламӯ наворбардорӣ шудаанд. Барои суруди «Knock Me Down», вокалҳоро репсарои навкор Killvein овози худро сабт кардааст. Коргардони ҳарду клип Фред Дёрст аз Limp Bizkit кор карда баромад.

Мувофиқи гуфтаҳои Classic Rock, ҳарду суруд ба албоми нави сароянда, ки «Andro» номгузорӣ шудааст ва санаи 16 октябр дар лейбли Better Noise Music ба намоиш гузошта мешавад, ҳамроҳ карда шуд. Барои сабти ин наворҳо, Томми ду соли худро сарф намуд. Меҳмонони ин албом, сарояндаҳои зиед, аз қабили  Мики Авалон, King Elle Noir, Plya, Pavin Mukhi ва сарояндаи бритонӣ Брук Кэнди ва наворзанда Ҷош Тодд ва дигар чеҳраҳои шинохта, иштирок хоҳанд кард.

Номгӯи сурудҳои албоми «Andro»

  1. Knock Me Down
  2. You Fancy
  3. Ain’t Tellin’ Me Nothing
  4. SOMA COMA
  5. When You Were Mine
  6. Hot Fudge Sundae
  7. Caviar On A Paper Plate
  8. Leave Me Alone
  9. Demon Bitches
  10. R.E.T.T.Y
  11. Tops
  12. Make This Storm
  13. Make It Back