Тиҷорат осон аст, агар шумо ҳисси барандозӣ кардан ва омодагӣ ба хавфҳоро дошта бошед. Дар мусоҳиба бо Rule Makers, муаллифи курсҳои TMBA-Тоҷикистон Нигор Абдуаҳадова дар бораи тағъироти шадид дар зинаҳои пешрафти касбӣ, бартариҳои таълим ва бенерӯии коронавирус дар назди кори ҳаёт сухан гуфт.
— ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО АЗ КУҶО ОҒОЗ КАРДАЕД?
Ман аз рӯи маълумот муҳандис-иқтисодчӣ ҳастам. Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимиро бо ихтисоси муҳандиси тиҷорат ва менеҷмент хатм кардаам. Ҳамин тавр шуд, ки фаъолияти худро дар донишгоҳ шурӯъ кардам. Дар асоси он, ба мо иҷозат доданд, ки лоиҳаҳои тиҷоратиамонро амалӣ созем. Ҳамин тариқ, ман роҳбари Академияи хурди илмҳои муҳандисӣ шудам ва ба донишҷӯён чӣ гуна ба Донишгоҳи техникӣ дохил шудан ва умуман чӣ гуна азхуд кардани асосҳои тиҷорат кӯмак расонидам. Ман дар ҷойҳои тамоман гуногун ва дар мансабҳои гуногун кор кардаам: сар карда аз кор дар мағозаи либосҳои брендӣ то раҳбари аввалин контент- провайдерҳо.

НИГОР АБДУАҲАДОВА: АЗ ФУРӮШАНДА ТО МУРАББИИ ПЕШБАРИ ТИҶОРАТИ КИШВАР photo 2020 06 09 10 58 27
— БАРОИ ТАШАККУЛИ ШУМО ҲАМЧУН МУРАББИИ ТИҶОРАТӢ ЧИ АСОС ГУЗОШТ?
Фаъолияти муҳимтарин ва ҳалкунанда барои ман омӯзгор буд. Ман ҳамчун муаллими асосҳои иқтисодиёти бозорӣ ва менеҷмент дар гимназияи хусусии «Тоҷикистон» ба кор шурӯъ намудам. Дар он ҷо ба ҳайси омӯзгори оддӣ кор карда, пас аз як сол муовини директор оид ба таълим ӯҳдадор шудам. Дар тӯли чанд соли кориам дар гимназия, фаҳмидам, ки то чӣ андоза кӯдакон ба дарси ман дилгарманд ва таваҷҷӯҳ доранд. Ва ман қарор додам, ки мустақилона барномаи рушди асосҳои тиҷорат ва соҳибкориро миёни синфҳои 7-11 муаррифӣ кунам.
— ЧӢ ТАВР БА ШУМО ИДЕЯИ ТАШКИЛИ КУРСҲО ОИД БА АСОСҲОИ ТИҶОРАТ ВА СОҲИБКОРӢ ПАЙДО ШУД?
Пас аз оғози ин фан дар барномаи таълимии мактабҳои миёна, мо дарк кардем, ки ин дарсҳо ба рушди шахсии хонандагон чӣ гуна таъсири мусбат мерасонад ва баъдан тасмим гирифтем, ки онро ба курс табдил диҳем. Дар ин курсҳо ҳам донишҷӯён ва ҳам соҳибкорони нав метавонистанд номнавис шаванд. Аммо ҳамаи ин тадриҷан иҷро мешуд. Мо бо наврасон оғоз кардем ва таҷрибаи дуюми мо донишҷӯён шуданд. Бо дастгирии Спитамен Бонк, дар доираи рушди барномаи саводнокии молиявӣ, се гурӯҳи донишҷӯёни мо ин барномаро омӯхта, муваффақона хатм намуданд. Мо раванди таълимии онҳоро бодиққат мушоҳида кардем, то фаҳмем, ки чӣ гуна лексияҳоямонро беҳтар кардан мумкин аст. Ва ба хулосае омадем, ки норасоии малакаҳои компютерӣ вуҷуд дорад. Мутахассисонро даъват кардем ва бо кӯмаки онҳо ба барномаи таълимӣ, омӯзиши барномаҳои офисиро ворид намудем. Албатта, дар паси ҳама гуна лоиҳаи муваффақ на танҳо як шахс, балки як даста кор мекунад. Ва дар зери мафҳуми «мо» ман тамоми аъзои дастаамонро дар назар дорам, ки дар ҷараёни кор пурра шуд ва боз ҳам таҷрибаи нав пайдо менамуд.

НИГОР АБДУАҲАДОВА: АЗ ФУРӮШАНДА ТО МУРАББИИ ПЕШБАРИ ТИҶОРАТИ КИШВАР photo 2020 06 09 10 58 26
-ПАНДЕМИЯ БА ТИҶОРАТИ ШУМО ЧИ ГУНА ТАЪСИР РАСОНД?
Мо ба вазъияти ҳозира хеле мулоим наздик мешавем ва кӯшиш мекунем, ки ба он мутобиқ шавем, на муқобилият нишон диҳем. Имрӯзҳо мо ба сатҳи нав баромадем ва бо шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ дорем: Донишкадаи Итсхак Адизес ва AVDO consulting group. Мо омӯзишҳо ва вебинарҳои ройгон ташкил менамоем.
Ҳоло имконият фароҳам оварда шудааст, ки ба соҳибкорон хадамоти машваратии коршиносони хориҷӣ пешниҳод карда шаванд. Мо аризаҳоро барои мулоқотҳои онлайн бо Дмитрий Авдосиев, намояндаи AVDO қабул намуда ва кӯшиш мекунем, ки тамоми шароитҳо муҳайё карда шавад, то мардум ноумед нашаванд ва дарк кунанд, ки ҳатто дар чунин як вазъияти мушкил барои тамоми ҷаҳон як роҳи ҳалли худро ёбанд.
— ЗАНОНИ ЗИЁД ДАР КУРСҲОИ ШУМО ТАҲСИЛ КАРДААНД?
Дар ду лоиҳаи охирини мо танҳо занҳо ширкат варзидаанд. Инчунин, мо бо созмони байналмилалии UN Woman ҳамкорӣ кардем, лоиҳаи муштаракро ба заноне, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доштанд, гузаронидем. Ин як таҷрибаи хуб буд барои бори дигар нишон додан, ки зани муосир таҳсил ва худшиносиро мехоҳад.

Мусоҳибаи пурраро дар шабакаи YouTube-и Subzee TV тамошо кунед.
Нашрияи мазкур ба туфайли кӯмаки мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид.
Booms News барои мундариҷаи ин нашрия масъул аст, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намекунад.