Собиқ қаҳрамони UFC дар ду вазн Конор Макгрегор, истеъфои рафтанашро эълон кард. Пештар, варзишгар чунин изҳоротро ду бор нашр намуда буд.
“Салом ба ҳама. Ман қарор додам, ки варзиши танбатанро тарк кунам. Ташаккур барои хотираҳои ҳайратангез, ин саёҳати аҷибро дар бар мегирифт”, — навиштааст МакГрегор дар Твиттер.
Президенти ташкилоти варзишии UFC Дана Уайт ба изҳороти МакГрегор изҳори назар кард. «Ин воқеа қаблан ҳам бо мо рух дода буд. Ӯ маҷбур нест, ки бе хоҳиши худ қувваозмоӣ кунад, агар хулосаи истироҳат карданро дошта бошад”, — гуфт Уайт дар нишасти матбуотӣ пас аз мусобиқаи UFC 250 (иқтибос аз ТАСС).
Бори аввал Конор Макгрегор рӯзи 19 апрели соли 2016 истеъфоашро эълон кард, аммо пас аз 2 рӯз фикри худро дигар кард. Бори дуввум варзишгар роҳи худро моҳи марти соли 2019 “ба итмом расонд” ва пас аз 9 рӯз фикри худро боз дигар кард.