Офарандаи нақши асосӣ дар филми фарҳангии «Зловещие мертвецы» Брюс Кэмпбелл бо сӯҳбат бо рӯзноманигорони нашрияи Empire Online оиди омодагии қисми чоруми филми номбурда ва таҳиягари он нақл намуд. Ба гуфти ҳунарпеша, филм «Evil Dead Now» номгузорӣ шудааст ва Ли Кронин онро наворбардорӣ мекунад.
Худи Кэмпбелл мумкин ки дар навор ҳунарнамоӣ накунад. «Дар ин лаҳза, онҳо бояд худ бо худашон бошанд. Ва ин беҳтарин аст. Ва дар ин ҳолат қаҳрамони гуногун буда метавонанд. Қисми навбатии филм боз ҳам ҷаззобтар мешавад. Ҷолибияти филм дар он аст, ки қаҳрамонони асосии филм одамони оддӣ ҳастанд», — мегӯяд ӯ.
Хотиррасон менамоем, ки «Зловещие мертвецы» аввалин маротиба соли 1981 ба тамошобинон пешниҳод шуда буд. Сиквели соли 1987 баромада хеле муваффақ гардид. Дар бораи санаи наворбардории қисми чорум ҳоло чизе маълум нест.