Барои офаридани силсилафилм аз саҳнаҳои бозии машҳури «Одни из нас», коргардони филми «Чернобыль» Йохан Ренк ба ҳайати гурӯҳи эҷодӣ ҳамроҳ гардид. Тибқи иттилои нашрияи The Hollywood Reporter, ӯ бояд силсилаи озмоиширо, ки шабакаи HBO ба тамошобинон пешкаш мекунад, бояд сабт намояд.
Крэйг Мазин, ният дорад, ки мутобиқгардонии филмҳои силсилаи «Одни из нас»-ро ҳамчун продюсер назорат кунад. Вай инчунин бо таҳиягари бозии Нил Дракманн кор хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии «Одни из нас» соли 2013 ба ҳамагон пешниҳод гашта буд. Онро якҷоя бо Sony ва Naughty Dog Studios баровардаанд ва мунаққидон ва корбарони онро баҳои баланд гирифтанд. Сюжет ба муносибати байни қочоқбар Ҷоэл ва Эллии 14-сола, ки метавонад калиди раҳоӣ аз пандемияи марговар, ки ба инсоният зарба мезанад, равона шудааст.