Шарқ як масъалаи ҳассос аст ва мардони Шарқӣ ва муносибати онҳо ба занҳо, ин худ як илмест, ки то ҳол омӯхтанаш номумкин аст. Баланд кардани садо, ҳушток кашиҳо, сухани дағал, ҳамла ба фазои шахсӣ ва таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ — ин ҳама чизҳое мебошанд, ки мардони фиребгар бо истифода аз он дили занони зеборо дар кӯчаҳои Тоҷикистон ба даст овардан мехоҳанд.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Rule Makers», сокинони пойтахт таърифи худро дар бораи таъқиби лавзӣ ба занон баён намуда, дар бораи шарми худ, хушомадзаниҳои маъмултарин ва ҷойҳои хатарнок дар шаҳр сӯҳбат карданд ва роҳҳои мутамаддини шиносоиро нақл намуданд.

Харассмент дар фаҳмиши шумо чист?

 «Инҳо калима ё амалҳое мебошанд, ки маро аз минтақаи тасаллои худ берун мекунанд ё ба фазои шахсии ман халал мерасонанд», — гуфт Сайрам.

Чанд маротиба шумо дар кӯчаҳо бо таъқиби лафзии занон (харассмент) рӯ ба рӯ шудаед?

«Вохӯрда будам ва ҳозир ҳам рӯ ба рӯ мешавам», — мегӯяд Асел.

Дар чунин лаҳзаҳо шумо худро чи хел ҳис мекунед?

«Ман худамро нороҳат ва шармгин ҳис мекунам, зеро он ба худбоварии ман таъсир мерасонад ва диққати раҳгузаронро ҷалб мекунад», — ҷавоб дод Валерия.

Таъқиби лафзӣ дар кӯча яке аз мушкилоти маъмултарин дар Тоҷикистон мебошад, ки нодида гирифтани он метавонад ба оқибатҳои ҷуброннопазир оварда расонад. Баъзе духтарон кӯшиш мекунанд, ки ба ин гуна суханҳо посух надиҳанд, касе метавонад худро бо калима ва мушт муҳофизат кунад ва дигаре аз кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода мекунад. Бояд қайд кард, ки то ҳол қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъқиби таҳтулафзии дар кӯчаҳо роҳандозӣ нашудааст, аммо духтарон ва занони аз он зарардида метавонанд бо телефони боварии УМВД 2211500 тамос гиранд ё ба почтаи полиси шаҳрӣ rvkddushanbe@mail.ru  нависанд.

Мусоҳибаи пурраро дар шабакаи YouTube-и Subzee TV тамошо кунед.
Нашрияи мазкур ба туфайли кӯмаки мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид.
Booms News барои мундариҷаи ин нашрия масъул аст, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намекунад.