Муаллифони филми тасвирии «Зверополис» аз студияи Walt Disney Байрон Ховард ва Ҷаред Буш лоиҳаи нави аниматсиониро омода намуда истодааст. Дар ин бора нашрияи Collider хабар додааст.

Номи лоиҳа «Очарование» мебошад. Сужаи филм дар бораи духтараке, ки бо оилааш дар Бразилия зиндагӣ мекунанд, нақл менамояд. Ҳамаи аъзои оилаи онҳо қобилияти сеҳрнокӣ доранд, вале қаҳрамони асосӣ бошад, чунин нест.

Инчунин маълум аст, ки мусиқии тасвирро композитори амрикоӣ Лин-Минуэл Миранда менависад.

Тафсилоти дигар оиди намоиши филм ҳоло маълум нестанд.

Сарчашма: https://www.rewizor.ru/news/sozdateli-zveropolisa-rabotaut-nad-novym-multfilmom-o-volshebnikah/?utm_source=yxnews&utm_medium=desktop&utm_referrer=https%3A%2F%2Fyandex.ru%2Fnews